КҲФ ба волидон дар робита ба коронавирус ёддошт пешкаш мекунад

Бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар байни кӯдакон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи волидон ёддошти кӯтоҳро пешкаш менамояд.

Мунтазам тоза кардани ҳаво, на кам аз 1 бор дар як рӯз бо истифода аз воситаҳои безараргардонанда рӯбучини нами утоқҳоро анҷом додан мебояд. Дарҳол дезинфексия кардани утоқҳо, ҳамчунин ашё, бастабандиҳои маҳсулот баъди ба хона овардани онҳо муҳим мебошад.

КҲФ аз волидон хоҳиш мекунад, ки сафарҳои худро бо кӯдакон ба қаҳвахонаҳо, марказҳои дилхушӣ, муассисаҳои савдо, осорхонаҳо ва дигар ҷойҳои фароғатӣ маҳдуд намоянд. Ба ҷойҳои истифодаи умум инчунин майдончаҳои бозии кӯдакон, ки дар саҳни биноҳои истиқоматӣ ё боғҳо воқеанд, дохил мешаванд.

Ҳамроҳи кӯдакон дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва майдончаҳои шахсӣ, ки мавриди истифодаи инфиродӣ қарор доранд, сайругашт кардан мумкин аст. Боздид аз боғҳо танҳо дар сурати истисно кардани муошират бо калонсолону кӯдакони дигар имкон дорад.

КҲФ ба волидон хотиррасон мекунад, ки дарҳол пас аз бозгашт ба хона дастон ва дигар қитъҳои кушодаи баданро бо собун шустан, обгардон кардани даҳон ва шустани бинӣ зарур аст.