Дар КҲФ ҷаласаи “мизи гирд” оид ба масъалаҳои захираҳои об баргузор гардид

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчўбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об ҷаласаи мизи гирд баргузор шуд. Мавзуи ҷаласа “Захираҳои об ва истифодаи босамари онҳо” гардид.

Дар ҷаласа кормандони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, Раёсат оид ба масоили кӯли Сарез, Хадамоти зидди жола, Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии химиявӣ-радиометрии Кумита ширкат варзиданд.

Дар рафти чорабинӣ доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳимоя ва ҳифзи захираҳои оби кишвари мо, мушкили ифлосшавии дарё ва ҳавзҳо баррасӣ гардид.

Раиси ҷаласа сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд полковник Камолов Ҷ. дар бораи тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи объектҳои обӣ ва истифодаи минбаъдаи онҳо, чорабиниҳои равона ба солимгардонии объектҳои обии сатҳӣ амалӣ мекунад, маълумот фароҳам овард.

Ҳамчунин иттилоот доир ба ҳолати кӯли Сарез, зарурати истифодаи оқилона, афзоиш ва ҳифзи захираҳои оби кишвар пешкаш гардид.