Вазъ дар ноҳияи Хуросон Комиссия оид ба ҲФ хисороти расидаро ҷамъбаст кард

Тавре қаблан хабар дода мешуд, аз сабаби боронҳои шадиди рӯзи 21 марти соли 2020 дар ҷамоати ба номи С.Айнӣ, деҳаҳои Ҳалқаҷар ва Пахтакори ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон маҷроҳои сел фаромада, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллиро пахш карданд. Асосан лойоба ба заминҳои кишт осеб расонд.

Ба санаи 2 апрели соли 2020 бо қувваи хизматчиёни низомии КҲФ корҳои зерин анҷом дода шуданд: аз лою об таҳхонаҳои 40 хонаи истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, ҳамчунин 370 метр шабакаи новаҷӯйҳо тоза карда шуданд, техникаи Кумита 560 метр шабакаи заҳбуриро пок намуд. Корҳо оид ба рафъкунии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

Комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода хисороти аз фаромадани сел дар ноҳияи Хуросон расидаро натиҷагирӣ намуд. Тибқи он, дар оқибати офат ду хонаи истиқоматӣ, 6,3 км роҳи мошингарди деҳот, 7,3 км хатҳои обёрӣ ва каналҳо, 7,3 км хати заҳбур ва обравҳо, 186 иншооти ёрирасон қисман осеб бардоштанд.

Маблағи умумии хисорот дар ноҳияи Хуросон беш аз 1,3 млн сомониро ташкил дод.