Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз тағйири ҳарорати ҳаво ва боришоти шадид ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 7 то 9 апрели соли 2020 дар ҳудуди кишвар ҳаво тағйир ёфта, боришоти борону жола ва пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ карда мешавад. Дар баландиҳои зиёда аз 1000 метр бошад, боришоти борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Дар бештарин қисмати кишвар омадани сел, боло рафтани сатҳи оби дарёҳо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

Аз ҷумла,  8-9 апрели соли 2020 дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ (Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод, Файзобод),  дар вилояти Хатлон (Восеъ, Хуросон, Кӯлоб, Ховалинг, Муминобод, Ш.Шоҳин) ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд (Истаравшан, Панҷакент) эҳтимолияти ба вуҷуд омадани сел пешгӯӣ мешавад.

Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Обихингоб, шохобҳои канории дарёи Вахш эҳтимолияти якуякбора баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Боришот ба баландшавии сатҳи оби дарёҳоро оварда мерасонад, ки он ҳам дар навбати худ ба омадани сел дар водиҳо, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо ва манзилҳои истиқоматӣ сабаб шуда метавонад. 

Дар ин замина, Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки  ҷӯйборҳову каналҳои назди биноҳои истиқоматии худро аз ҳар гуна хасу хасрӯба, партовҳо ва лойқа тоза кунед, то оби боронҳои шадид бе мамониат ба ҳамон маҷро ҷорӣ шавад ва ба хонаву ҳавлӣ ва заминҳои шумо зарар нарасонад. 

Ғайр аз ин, Кумита ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз баромадан ба шикор, моҳидорӣ, роҳандозии корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, чорводорӣ худдорӣ намоянд. Кумита ба волидайн муроҷиат карда хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии ҳоисаҳои нохуш кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Барои пешгирии садамаҳо дар шоҳроҳҳо, алахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагон, хоҳиш менамояд, ки тамоми қоидаҳои ҳаракатро риоя карда, хусусан суръати ҳаракати роҳро.

Дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохуш ҳар як шаҳрванд метавонад ба рақами ягона 112 ё қисми навбатдории Кумита бо рақами 93 880 28 19, 223 13 11, инчунин:

Раёсати КҲФ дар ш.Душанбе

225-44-73, 225-44-76, 225-44-90

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

(83222) 2-35-05, 2-78-28

Раёсати КҲФ дар ВМКБ

(83522) 2-40-57, 2-53-47

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд

(83422) 6-58-72, 5-15-5