COVID-19: шумори мубталоён аз марзи 2 миллион гузашт. Амрико кумак ба будҷаи Созмони ҷаҳонии тандурустиро боздошт

ИМА кумак ба буҷаи созмони ҷаҳонии тандурстиро боздошт. Президенти ИМА Доналд Тромп гуфт, ки ин созмон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ набаромад. Соли 2019 ҳиссаи ИМА ба буҷаи СҶТ каме камтар аз 15% сармоягузории умумии он буд.  Тромп дар як суханронии худ дар Кохи Сафед гуфт: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  дар анҷоми вазифаҳояш дар иртибот  бо эпидемияи ҷаҳонии короно ноком мондааст. Сарвари Кохи Сафед ин ташкилоти СММ-ро ба “сарпӯш гузоштан” ба густариши ин вирус пас аз зоҳир шудани он дар Чин гунаҳгор кард ва гуфт “бояд посухгӯ бошад”. Пештар ҳам Тромп ин созмонро ба ҷонибдорӣ аз Чин муттаҳам карда буд. Вай дар суҳбати рӯзонааш бо хабарнигорон гуфт: “Ба давлат дастур додаам будҷаи Созмони ҷаҳонии тандурустиро мутаваққиф кунад”.

Аммо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд ба маълумоти расмии давлатҳо бовар мекунад ва ҳама таҳлилҳояш бар пояи омори расмии кишварҳост Дар Иёлоти Муттаҳида  то ба имрӯз 614 ҳазору 246 ба короновирус мубтало гардиданд. Теъдоди фавтидагон 26 ҳазору 59 нафар расидаву 38 ҳазору 820 нафар муолиҷа шудаанд. 

 Аз имрӯз дар Дания дар доираи коҳиши низоми карантин бачаҳои то синни 11 ба кӯдакистонҳо ва мактабҳо бармегарданд.

Садриаъзами Олмон Ангела Меркел тасмим гирифт дар як видеоконфронс бо сарварони ҳукумат масъалаҳои лағви карантин ва чораҳо барои пушти сар гузоштани оқибатҳои рукуди иқтисодиро баррасӣ кунад.  Ин дар ҳолест, ки шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар Олмон ба 132 ҳазору 210 нафар расидаву аз он 3 ҳазору 495 нафар ҷон бохтӣаанд.

Эҳтимол меравад дар кутоҳтарин фурсат дар Австрия мағозаҳои боғкорӣ, сохтмон ва дигар нуқтаҳои савдое, ки масоҳаташон то 400 метри мураббаъ мебошад, боз шаванд.  Аммо маҳдудиятҳо дар равуо ва дигар тадбирҳои беҳдоштӣ то охири моҳи апрел идома хоҳанд кард. 

Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба COVID-19 аз марзи 2 миллион гузаштааст.  484 ҳазору 573 нафар шифо ёфтаанд ва 126 ҳазору 753 нафар фавтиданд. 

 Дар Испания шумораи сироятёфтагон 174 ҳазору 60 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 3 961 нафар чун сироятшудаи нав сабти ном шуданд. Дар ин кишвар аз короновирус 18 ҳазору 255 нафар фавтиданд ва 67 ҳазору 504 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 162 ҳазору 488 нафар расидааст. Мақомоти фафтидагон бар асари коронивирусро 21 ҳазору 67 нафар эълон краданд.

Дар Фаронса 143 ҳазору 303 ҳолати сироят аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки то кунун дар натиҷаи вируси короно 15 ҳазору 729 нафар ҳалок шуданд. 

Британияи Кабир гирифторон ба короновирусро 93 ҳазору 873 нафар эълон кард. Дар ин кишвра  12 ҳазору 107 нафар бар асари сироят ба короновирус фавтидаанд.