Партоби нуҳ мушаки зиддижолаи “Алазан-6” дар фазои боронии Ҳисор ва Хуросон

Кормандони Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф кардани хавфи жола дар фазои боронии ду ноҳияи кишвар – Хуросон ва Ҳисол 9 мушаки зиддижолаи “Алазан-6” партоб карданд.

Бино ба гузориши қисми навбатдории Кумита рўзи 20.04.2020   Хадамоти зидди жола дар минтақаҳои хавфноки жолаовар корҳои безараргардонии  зидди жола роҳандозӣ кард.

Дар шаҳри Ҳисор 6 адад дар як минтақаи хавфнок мушаки зидди жолаи навъи “Алазан 6” истифода шуда, минтақаҳои хавфноки жолаовар безарар гардонида шуданд.

Худи ҳамин рӯз Хадамоти зидди жола дар ноҳияи Хуросон 3 адад дар як минтақаи хавфнок мушаки зидди жолаи навъи “Алазан 6” партоб кард ва хавфи омадани жола бартараф карда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳар сол бо мақсади ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ бо боғу токзорҳи кишвар дар даҳҳо минтақаҳо зидди жола садҳо мушак истифода мешавад. Бориши жола маъмулан барои зироатҳои кишоварзӣ зарари калон меорад ва истифода аз мушакҳои зиддижола боиси он мешавад, ки ин хатар коҳиш ёбад.