CОVID-19: Шумори сироятшудагон ба короновирус дар кишвар ба 128 нафар расид. Маргумир дар Аврупо коҳиш ёфтааст, сироят дар Русия афзоиш

Вазорати тандурустии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 4-уми май шумори гирифторон ба короновирус дар кишварро 128 нафар эълон кард. Ин вазорати дар бахши дигар аз хабари худ гуфтааст, ки аз миёни ин 128 нафар 2 нафар фавтиданд. Дар ҳамин ҳол гузориш мерасад, ки ҳодисаи маргумир бар асари короновирус дар Аврупо рӯ ба коҳиш меорад. Ҳукуматдорони Италия, Фаронса ва Испания дар бораи таҷдиди назар ба низоми карантин эълони омодагӣ карданд.

Шабонарӯзи гузашта Фаронса аз 135, Испания аз 164 ва Италия аз 174 ҳодисаи марг бар асари короновирус хабар доданд.

Дар Русия аз афзоиши сироятшудагони нав хабар дода мешавад. Бино ба омори ахир шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 10633 ҳодисаи нави сироят ба қайд гирифта шудааст. Аммо мақомоти мегӯянд маргумир дар қиёс ба дигар кишварҳо дар сатҳи паст қарор дорад, шаборарӯзи гузашта дар ин кишвар 58 нафар аз сироят ба ин вирус ҳалок шуданд.

Дар Британияи Кабир зарфи шабонарӯзи гузашта аз Сovid-19 315 нафар фавтиданд. Британия эълон кард, ки авҷи сироят ва маргумир гузаштааст ва ҳоло ба бемористонҳо теъдоди хеле ками сироятшудагон муроҷиат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Президенти ИМА Доналд Тромп эълон кард, ки Амрико то охири соли равон воксани зидди короновирусро ба даст хоҳад овард. “Мо ба ин умедем, ки то охири соли 2020 ва аввали соли 2021 соҳиби воксан хоҳем шуд”,- гуфт ӯ. Тромп ҳамчунин пешгӯӣ кард, ки теъдоди қурбониёни короновирус дар ИМА мумкин аст ба яксад ҳазор нафар расад. Аммо ӯ гуфт, ки бо вуҷуди ҳамаи ин бояд поркҳо, макотиб, ҷойҳои тафреҳӣ тадриҷан барои пазириш омодагӣ гиранд.