Вусъати корҳои поксозӣ дар шаҳри Исфара

Дар шахри Исфара бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории  сироятии коронавирус (COVID-19) бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Исфара корҳои безараргардонӣ пурзӯр гардида, ҳамаҷониба чораҳои пешгирикунанда андешида шуда истодаанд. Ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо истифода аз маводҳои кимиёвӣ корҳои безараргардонӣ мегузароннад.

Кормандони Шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Исфара низ дар корҳои безараргардонӣ ширкат намуда, саҳми худро дар пешгирӣ ва паст кардани хавфи густариши бемории сироятии коронавирус мегузоранд.
Рӯзи гузашта бо истифода аз техникаҳои махсуси шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Исфара, Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳр, хадамоти тиббӣ, хадамоти сухтохомӯшкунӣ ва дигарон бо истифода аз маҳлули кимиёвӣ корҳои безараргардонӣ, санитарӣ-профилактикӣ, дизенфексионӣ гузаронида шуд.
Дар рафти корҳои безараргардонӣ кӯчаву хиёбонҳо, роҳи Исфара-Ким ва Исфара-Сомониён   ва дигар иншоотҳои ҳаётан муҳим безарар гардонида шуданд.

барчасп: