Роҳандозии корҳои беҳдоштӣ дар шаҳри Хоруғ

Гурӯҳи зудамал аз ҳисоби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ биноҳову иншоотҳо, хонаҳои истиқоматӣ, боғу гулгаштҳои қаламрави шаҳри Хоруғро бо истифода аз доруҳои кимиёвӣ поккорӣ карданд.

Ин тадбирҳо тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда амалӣ мешаванд ва ҳадаф пешгирӣ аз сироят ба короновирус дар вилоят мебошад.

Дар ҷараёни роҳандозии корҳои беҳдоштӣ наҷотдиҳандагон доруҳои хлордорро бо таҷҳизоти махсус истифода намуданд. Ҳайати шахсии Раёсат бо ҳама таҷҳизоти зарурии поккорӣ таъмин мебошад.