Кӯмакҳои Каритас ба чанд бемористони минтақаи Кӯлоб

Зарфи ду рӯзи охир кормандони Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаи махсуси дорупошӣ қаламрави чандин боғу гулгаштҳо, кӯчаҳо, варзишгоҳҳо, даромадгоҳи хонаҳои истиқоматиро поккорӣ карданд.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии мубориза бо короновирус кормандони шуъба якҷо бо намояндагони ташкилоти байналмилалии Каритас (Швейсария) аз чандин беморхонаҳои марказӣ дар ноҳияҳои Ховалин, Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Темурмалик ва шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд.

Онҳо ба ин беморхонаҳо маводҳои антисептикӣ, аз ҷумла хлор, собуни моеъ дар зарфҳои 5 литрӣ, маҳлулҳои тамъизкунанда ва ниқобчаҳои истифода барои як бор тақсим карданд.