Русия эълон кард, ки охири тобистон воксани зидди COVID-19 таҳия хоҳад шуд

Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиология ва микробиология (НИЦЭМ) ба номи Н.Ф. Гамалея ахиран эълон намуд, ки воксини зидди COVID-19-ро сохтааст ва умедвор аст, ки «агар ҳодисае пеш наояд», моҳи август онро сабти ном кунад. Газета.ру ба нақл аз мудири ин марказ Александр Гинтсбург навиштааст, ки боз як моҳ ин воксан таҳқиқоти беруназклиникиро пушти сар хоҳад гузошт ва баъдан Вазорати тандурустии Русия барои озмоиши он ба одамон иҷозат хоҳад дод. Вай гуфтааст, ки ҳангоми сохтани воксан аз платформаи умумӣ истифода шудааст.

Александр Гинсбург ҳамчунин иттило дод, ки таҳияи ин воксин дар миёнаҳои моҳи феврал оғоз ёфта, дар он платформаи умумиеро, ки қаблан ба зидди табларзаи Эбола ва коронавируси MERS истифода шуда буд, истифода бурдаанд. Дар пайи истифодаи ин воксин дар маймунҳои навъи мокак ва марозетаҳо низ нишон додааст, ки ҳарорати бадани онҳо рафъ шудааст. Мудири марказ ишора кард, ки ин воксанро онҳо дар бадани худ низ озмоиш кардаанд.

Гинсбург ба суол дар бораи анҷоми озмоиш ва мавриди истифода қарор гирифтани воксан дар филми Ноил Аскерзода “Вируси хатарноки 5”, ки шабакаи тлевизионии “Россия 1” намоиш дод, посух додааст: “Гумон мекунам охири тобистон бояд ин ҳама анҷом шавад. Ман мехостам чунин андешам, ман чунин посух медодам”.

Гинсбург ҳамчунин гуфтааст, ки ин воксан дар таҷриба ба хояндаҳо масуниятпазир будани худро нишон дод.

“Вирус метавонад худро ду хел нишон диҳад. Вай метавонад чун вируси сармохӯрдагӣ вонамуд шавад ва он замон вай метавонад зудтағйирёбанда бошад ва ба мо лозим меояд дар ҳар мавсим воксани ба он муносибро таҳия кунем”.- мегӯяд Гинсбург.

Ин вирусшинос ҳамчунин зикр намуд, ки агар SARS-CoV-2 тағйир наёбад, пас метавон онро ба тақвими обилакӯбиҳои миллӣ дохил намуд.

Ҳамзамон бо ин ин вирусшиноси рус гуфтааст, ки эҳтимоли авҷи дуюм ва сеюми вирус вуҷуд дорад ва ин беморӣ ба сари инсоният “ба муддати тӯлонӣ ва хеле ҷиддӣ” омадааст.