Тобистони ғайримуқаррарии 2020. Донишмандон рекорди нави гармо дар Сайёраро пешбинӣ карданд

Тобистони соли 2020 дар ҳақиқат як тобистони ғайримуқаррарӣ буд ва бо тӯфонҳои ваҳшатноку обхезиҳои ҳайратовар ва боз хушксоливу селҳои харобкораш ҳатто аз тобистони соли гузашта фарқ мекард. Донишмандон мегӯянд ин бори дигар тағйири ҷаҳонии иқлимро тасдиқ мекунад ва соли 2020 дар панҷгонаи гармтарин солҳо зарфи ним асрест, ки мушоҳида мешавад.

Ин рекордҳоро олимон анъанаи бад номиданд ва мегӯянд гармоиши ҷаҳонӣ башиддат боло меравад. Ва акнун кишварҳои оламро лозим меояд дар нақшаҳои қаблан қабулшудаи мубориза бо тағйири иқлим таҷдиди назар кунанд, муоҳади Порис ҳам бояд бозбинӣ шавад. Ин ҳам боз дар ҳолест, ки ҳамагирии коронавирус КОВИД-19 оламро гирифтор ба як буҳрони иқтисодӣ кардааст ва татбиқи барномаҳои  мубориза бо тағйири иқлимро ба ҷойи дуюм бурдааст. 

Бино ба мушоҳидаҳо моҳи июли соли 2020 ба яке аз гармтарин моҳ аз соли 1880 ба инҷониб будааст. “Ин на он рекордест, ки интизор меравад, - мегӯяд Гарет Редмонд Кинг аз Хазинаи умумиҷаҳонии табиат (WWF). – Гармои тропикӣ шояд баъзан барои баъзе мамолик, аз ҷумла Британияи Кабир қобили қабул бошад, вале дар асл он буҳрони иқлимӣ дар Сайёра ба шумор меравадмебошад”.

Июли соли равон нуҳумин гармтарин моҳи июл зарфи 10 соли охир буд, шашумин июли гарм дар шаш соли охир.

Яхҳо торафт кам мешаванд, тӯфонҳо меафзоянд

Гармои ғайриодӣ бо чандин сабаб барои сокинони сайёра ногувор аст.  Аввалан, он марговар аст. Бино ба маълумоти идораи ҳавосанҷии подшоҳии Британия зарфи чанд соли охир гармо назар ба дигар дигаргуниҳои ҳалокатовар одамони бештарро мекушад. Бар асари болоравии ҳарорати ҳаво дар қисмати болоии замин хок хушк мешавад, яхҳо об мегарданд.  Моҳи июли соли равон яхҳои Қутби Шимол як чаҳорум камтар аз зарфи 40 соли гузашта ва хурдтарин маврид аз замони мушоҳидаҳо буд. Роҳи баҳрии Шимол комилан аз ях озод шуда буд. Зарфи як сол пораяхе ба андозаи як Лаҳистон дар Қутби Шимол об шудааст. Аммо зарфи 45 соли охир дар ин қитъаи яхии олам аз се ду ҳиссаи яхҳо об шудаанд. Ва агар об шудани пиряхҳо ба ҳамин суръат идома кунад, пас дар миёнаҳои аср Шимол комилан бе ях мемонад.  

Дар ҳоле ки хирсҳои қутбӣ ва моржҳо дар наздикии қутб мутамарказ мешаванд,  наздиктар ба хати экватор паёмадҳои гармои шадид зиндагиро барои дарёгардон ва сокинони бумӣ душвор мекунад. Фасли тӯфон дар аввали соли ҷорӣ ба таври ғайримаъмулӣ оғоз шуд ва аллакай моҳи июл нуҳ тӯфони шадид ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ дар миёни тобистон буд.  .

Шамоли шадиди экватор ба тавлиди як  хориқаи назири Ла-Ниню (инглисии El Niño  - яке аз чархаҳои машҳури обу ҳавои ҷаҳон аст ҳар 2 то 7 сол як бор боиси эҷоди ноҳинҷориҳои бузурге дар обу ҳавои саросари Сайёраи Замин мешавад. Аз ҷумлаи ин ноҳинҷориҳо метавон ба селобҳои ногаҳонӣ, хушксолӣ, қаҳтӣ ва эпидемия ишора кард) – коҳиши дамои ҳаво дар уқёнуси Ором шавад, ки дар Қутби Шимол мавсими тӯфониро ба вуҷуд орад. Идораи миллии таҳқиқоти уқёнусии ИМА (NOAA ) дар моҳҳои тобистон рух  додани 19-25 сиклони шадид ба ҷои 12 сиклони муқаррариро пешбинӣ мекунад ва мегӯяд дар 7-11 маврид ин сиклонҳо метавонанд ба тӯфон мубаддал шаванд ва аз 3 то 6 тӯфон метавонад хеле харобкор бошад. 

Беборониву хушксолӣ ва обхезиҳо дар Аврупо

Моҳи июл ниме аз қораи Аврупо беҳолу хаста шуд ва обёрии боғҳоро бо истифод аз рӯда (шланг) манъ кард, ин ҳам дар ҳолест, ки қариб ниме дигар ин кишварҳои ин минтақа аз серборониву селҳо ба дод омаданд ва боғу роғашон зери селоб монд. Бино ба таҳлили Маркази аврупоии Copernicus Climate Change Service (C3S) дар Финландия борон ду баробар бештар аз меъёр борид ва ҳарорати ҳаво ҳам 1-2 дараҷа сардтар аз ҳолатҳои маъмулӣ дар моҳҳои июли гузашта буд. Португалия бошад гармтарин июл зарфи 90 соли охирро пушти сар кард, дар Фаронса аз соли 1959 ҳеч соли дигар ба мисли имсол июли гарм надошт.   

Намии нисбии ҳаво дар хушкӣ дар сайёра зарфи 40 соли охир коҳиш меёбад ва сабаби он на камборишӣ, балки он аст, ки ҳаво дар қисмати хушкӣ зудтар гарм мешавад ва фарқ бо ҳарорати қисмати болоии уқёнусҳо зиёд мешавад, мегӯянд донишмандон.

Аз меъёр дур шудан на танҳо ба шиддат рӯ ба афзоиш аст, балки он давомдор омадааст. Аврупо аллакай сеюмин хушксолиро пайи ҳам пушти сар мекунад ва табиист, ки ин ба ҳосили кишоварзӣ ва дар умум ба иқтисод таъсири амиқ мерасонад. Бино ба оморҳои таърихӣ тобистони дусолаи беборишу хушкро Аврупо бори аввал 250 сол пеш аз сар гузаронида буд. Олимоне, ки такя ба рӯйдодҳои таърихӣ доранд ва онро таҳқиқ мекунанд, ҳоло натиҷаи камборишӣ ва хушксолии ду соли аввал аз ин се соллро таҳқиқ кардаанд ва омори соли сеюми хушксолии Аврупо ҳоло дастрас нест. Аммо ин донишмандон мегӯянд “эҳтимоли такрори ин сенария вуҷуд дорад ва сабаби он боз ҳам гармоиши замин аст ва ба ин ҳама амалҳои худи инсон таъсир расондааст”. Дар бораи таъсири амалҳои инсон ба тағйири иқлим борҳо навиштаанду гуфтаанд. 

Хушксолии Аврупо ба нафъи Русия шуд. Иттиҳодияи Аврупо, ки пештар дар бозори фурӯши гандум дар ҷойи аввал буд, имсол ба сабаби хушксолӣ ҷойи аввалро ба Русия дод. Тавлидкунандаи аслии гандум дар Аврупо Фаронса имсол содироти онро ду баробар коҳиш дод ва ҳатто ҳосили зиёди гандум дар Лаҳистон ва кишварҳои назди Балтик ҳам камбуди зарари аз хушксолӣ расидаро пӯшида наметавонад. Акнун Русия метавонад ба сабаби рӯёнидани ҳосили зиёди ғалла дар ҷаҳон дар содироти он яке аз аввалинҳо шавад.   

Сӯхторҳои азим дар Амрико

Вазъи Аврупо дар Амрико такрор шуд. Қисмати ҷанубу ғарбии ИМА аз офтоби сӯзон месӯзад, аммо иёлотҳои марказӣ аз боронҳои пуршиддат зери таҳдиди обхезиву селҳои харобкор мондаанд. Намунаи гармоиши шадид Калифорния аст, ки паёмадҳои онро ҷуброннашаванда номиданд. Водии Марги ин иёлот то 54,4 дараҷа гарм шуд. Баъдан дар саросари иёлот бори аввал зарфи 20 соли охир шуруъ ба хомӯш кардани нерӯи барқ кард: ҳавополоҳо ва яхдонҳо ба шабакаи интиқоли барқ мушкил оварданд. Губернатори иёлоти Калифорния Гэвин Нюс гуфт: “Дар Калифорния ин ба ҳама дахл дорад ва касе хаёли хом ҳам намекунад: ҳама медонанд, ки ин ҷо ҳаво аз рӯз ба рӯзи дигар гармтар мешавад ва хушкиву беборонӣ боз ҳам таъсири бештар дорад. Мо кайҳо паёмадҳои хушксолиро дарк кардаем”.

Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин таъкидҳо шахсоне ҳам ҳастанд, ки ба ҳолати бамаломада мақомоти роҳбарикунандаро гунаҳгор медонанд. Онҳо мегӯянд барномаҳои ҳукумат дар танзими системаи энержӣ рӯ ба шикаст овардааст.  

Рекорди гармии соли 2020

Аммо донишмандону муҳаққиқон мегӯянд на танҳо моҳи июл, баки соли 2020 дар умум як соли ғайриодӣ буд. Моҳҳои январ-июл Сайёра назар ба ҳамин давраи солҳои пеш 1,05° гармтар шуд. Олимони Амрико аз NOAA пешбинӣ мекунанд, ки соли 2020 дар таъризи 141 соли мушоҳидаҳо ба панҷгонаи гармтарин солҳо дохил мешавад ва 75 дарсад эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки ин сол миёни ин панҷ сол гармтарин сол хоҳад буд.   

Ва агар Ла-Ниню дар уқёнуси Ором шиддат гирад, пас ҳолати дигар ҳам пеш омада метавонад. Аммо як хунукии маҳаллӣ наметавонад шоҳиди шикасти раванди куллӣ бошад, зеро дар ин ҳолат бод фақат ба таври муваққат гарморо аз сатҳи уқёнус ба варта ҳидоят мекунад ва  шохиси аслии ҳавошиносиро коҳиш медиҳад.  

Барои пешгирӣ аз гармоиши Замин кишварҳои олам ба натиҷае расида буданд, ки партови газҳои гулхонаиро ба фазо коҳиш диҳанд. Аммо экологҳо кайҳост бонги хатар мезананд, ки танҳо ин як иқдом кофӣ нест. Ин дар ҳолест, ки ИМА кайҳо аз ин муоҳада хориҷ шудааст.

Баъди таҳлили сабабҳои июли гарми соли 2020 олимон ба хулосае омадаанд, ки болоравии ҳарорати ҳаво бар асари партови газҳои гулхонаӣ баландтар аз он аст, ки пештар ҳадс зада мешуд. Аз ин рӯ, донишмандон ҷомеаи ҷаҳониро ба андешидани тадбирҳои ҷиддитар даъват мекунанд, вагарна сол ба сол Сайёра бар асари гармои шадид бештар зарар хоҳад дид. 

Муаллиф: Алексей Калмыков Би-би-си
Бо ихтисор таҳияи Б.Шафеъ

ВА БОЗ ДАР ИН БОРА: