Духтури тоҷики муқими Москав Абдуллоҳ Давлатов: Коронавирус авҷ мегирад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Чуноне, ки мутахассисон огоҳ мекарданд, бо омадани хазонрез паҳншавии коронавируси SARS-CoV-2 (COVID-19) аз нав шиддат мегирад. Гоҳ аз ину гоҳ аз он гӯшаи ҷаҳон хабари авҷи мавҷи аввал ва ё оғози мавҷи дуввуми Ковид-19 мерасад. Аз ҷумла дар Русия, ки ҳамватанони мо кам нестанд, шуюъи ин вируси маргзо зиёд шудааст. Ҳатто дар Маскав, ки чораҳои иҷтимоиву тандурустии пешгирӣ аз ин уфунӣ хеле хуб ба роҳ монда шудаанд, шумораи гирифторон меафзояд.

Дар бисёре аз кишварҳо сабаби асосии ин ҳолат беэҳтиётӣ аз тарафи худи шаҳрвандон ва ё ҷиддӣ нагирифтани ин уфунӣ аз тарафи ҳукуматдорон аст.

Дар мисоли Амрико дидем, ки аввал худи Тромп ин уфуниро ҷиддӣ нагирифта буд, баъд яке аз духтурони мансабдори наздикаш даъво дошт, ки ниқоби тиббӣ кашидан кори беҳуда аст ва ғайра. Дар натиҷа талафоти ҷонӣ аз Ковид-19 аз ҳама зиёд дар онҷост.

Дар ёд ҳаст, ки сарвазири Бритониё ҳам дар аввал то ҷое беэътиноӣ карда буд, ки аз тарафи раҳбарони дигар давлатҳои Аврупо ба ҳалқаи интиқод кашида шуда буд. Аммо, ҳоло диданд, ки Ковид-19 уфунии ҷиддист бо таҳлука чораҳои сахтгирона роҳандозӣ мекунанд.

Ва ё, баъзеҳо Шветсияро мисол меоранд, ки карантинро дар ихтиёри шаҳрвандонаш во гузоштааст. Ин шоҳигарӣ такя ба масунияти сарҷаъмӣ (коллективный иммунитет) кардааст. Мутахассисон медонанд, ки барои ташаккули масунияти сарҷаъмӣ бояд аз 60 то 70 % мардум ин бемориро паси сар кунанд.

Яъне, агар аз 3 нафар 2 кас Ковид-19 гузаронаду дар хунашон иммуноҳлобулинҳои лозима (G) ба андозаи кофӣ пайдо шаванд, пас нафари сеюм аз ин 3, агарчӣ бо сулфаву атсаи шадид коронавирус пошад ҳам, он 2 сироят намешаванд, чун дар баданашон антибодӣ (антитела) бар муқобили ин коронавирус доранд.

Вале, то 60-70% аҳолӣ масуният пайдо мекунанд, ки шумораи зиёде ҷон ба ҷонофарин таслим мекунанд. Аз ин ҷост, ки шумораи фавтидагон дар Шветсия нисбати ҳамсоядавлатҳояш зиёд аст.

Хулоса: барои ҳифзи саломативу ҷони худу наздикони худ, ҲАТМАН чораҳои пешгирӣ аз сироятшавиро риоя кунем!

Набояд ба масунияти сарҷаъмӣ ва ё воксину доруҳои арзи вуҷуд надошта умед бандем.

Дониста бошед, ки дар марҳилаи имрӯза дар рӯи замин ҲЕҶ доруи маҳвкунандаи коронавируси Ковид-19 вуҷуд НАдорад!

Ҳамаи тавсияҳо нисбӣ ҳастанд.

Воксине, ки ҳамаи марҳилаҳои таҳқиқоту санҷишҳои тиббиро гузашта бошад, вуҷуд надорад.

Пас, ягона роҳи наҷот - ҳамон чораҳои пешгирӣ ҳастанд.

Фирефтаи онҳое, ки мутахассиси соҳа нестанду бо хондани чанд маводи интернетӣ сафсатабофӣ мекунанд, нашавем.

Агар ҳукумат (дар Русия ҳуқуқи чорабиниҳои зиддиуфунӣ дар ихтиёри ҳукуматҳои минтақавист) ва мутахассисони соҳа сахтгирӣ кунанд ва талаботи карантину пӯшиши ниқоби тиббиву риояи фосила ва амсоли инҳоро талаб кунанд, бояд иҷро кунем.

Онҳое, ки ҳоло бо баҳонаи озодихоҳӣ дар баъзе кишварҳои ғарбӣ бар хилофи тавсияҳои духтурону талаботҳои профилактикӣ амал мекунанд, бар ҷони худу наздикони худ зулм доранду офатзо ҳастанд.

Саҳнаи мубориза барои озодиву ҳуқуқу ғайра берун аз майдони беҳдошти саломатӣ ва он сӯ аз сарҳади ҷони маризон бояд бошад...

Саломату осуда бошед!

Абдулло Давлатов
Бозчоп аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук.