Зарфи ду шабонраӯзи гузашта бар асари як садамаи мошин ва заҳролуд шудани сокинон аз консерви дастсохт ду нафар ба ҳалокат расиданд. Як маҷруҳи садама дар бемористон, яке аз 11 заҳролудшудагон ҳам тарки олам намуд. Ҳолати се тани онҳо вазнин буда, ҳоло 9 нафар дар беморхонаи ноҳияи Данғара табобат мешаванд.
Тибқи маълумоти шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рашт рӯзи 01 ноябри соли 2020, тахминан соати 15:10 дақиқа дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, дар мавзеи ҷамоати шаҳраки Ғарм, кӯчаи М.Шомаҳмадов, маҳаллаи Сари Пул бар асари як садамаи нақлиётӣ як нафар ҳалок ва як нафар захмӣ шуд.
Ин манбаъ мегӯяд мошини тамғаи “Опел-Астра”, ки аз ноҳияи Рашт ба самти шаҳри Ваҳдат дар ҳоли ҳаракат буд, ба як мошини боркаши тамғаи “Камаз” бархӯрд. Мусофири мошин, сокини 47-солаи шаҳраки Ғарм дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Дар ин садама ронанда ҷароҳати вазнин бардошт ва ба бемористони марказии ноҳияи Рашт фиристода шуд.
Наҷотдиҳандагон сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии техникаи махсус дари мошинро боз карданд ва шахси фавтидаро берун оварда ба пайвандонаш супурданд. Ронанда, ки ҷароҳатҳои вазнин бардошта буд, ба беморхона интиқол дода шуд.
Иллати садама таҳлилу барарсӣ мешавад.
Дар ноҳияи Данғара ба сабаби истеъмоли консерви бодиринг ва помидор 11 нафар узви ду оила аз деҳаи Меҳргони ҷамоати И.Шарипов заҳролуд гаштанд ва 9 нафари онҳо фавран ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд.
Рӯзи 1-уми ноябр як нафари онҳо, ки 23 сол дошт, фавтид. Ҳолати се нафари дигар аз заҳролудшудагон, ки аз 15 то 47 сол доранд, вазнин гузориш шудааст. Вазъи саломатии 5 нафари дигар хубтар арзёбӣ шудааст ва ҳоло ҳамаи онҳо дар бистари беморианд ва муолиҷа мешаванд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, то вақти омода намудани консервҳои мевагӣ талош кунанд кулли қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.