ХАБАРИ ҶОЛИБ: Баъди 91 соати заминларзаи харобкор дар Измири Туркия як духтари чорсоларо зинда берун оварданд

Аз зери вайронаву шикастапораҳову тӯдаи хоку оҳану бетон дар Измири Туркия духтарчаи чорсоларо пайдо карданд, ки зинда буд. Шаҳрдори Измир Тунч Сойер дар Твиттери худ навиштааст, ки “навгоние дорем, нишотбахш. Имдодгарон билохира то ба тифли зинда расиданд”.

Расонаҳои хабарӣ дар гузоришҳои худ аз ин духтар Айда Гезгин ном бурданд. Мегӯянд модари ин духтар ҳамоно зери вайронаҳост ва аз зиндаву мурда будани вай иттилое нест. Аммо падараш зинда аст.

Духтарро аз зери харобаҳо беосеб берун оварданд ва ҳоло дар бемористон бистарӣ ва вазъи саломатии вай таҳқиқ мешавад. Бино ба гуфтаи духтурон дар айни замон ба сиҳатии вай чизе таҳдид намекунад. 

Зимнан, рӯзе қабл як писарбачаи сесола ва як гурба ҳам зинда берун оварда шуда буд.

Мавриб ба ёдоварист, ки заминларза дар Измири Туркия рӯзи 30 октябр рух дод. Мақомот шумори ҳалокшудагонро 100 нафар эълон кардаанд. 

МАВОДҲОИ ҲАМСОН:

Заминларза дар Измири Туркия. Ҳалокати 24 нафар, наҷоти 70 ва ҷароҳати беш аз 800 нафар. Корҳои наҷот идома доранд

Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

барчасп: