Даркушоӣ дар кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Синои пойтахт. Тифли хурсолро саломат ба модараш супурданд

Сокини кӯчаи Бобо Ҳамдам 31/1, воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт аз баста шудани дари оҳании хонаи истиқоматии худ хабар дод. Вай гуфт, ки ба хона наметавонад ворид шавад ва тифли хурдсолаш дар дохил танҳост.

Дастаи наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расид. Онҳо бо ёрии дастгоҳҳои кӯҳгардӣ аз бом поён рафтанд ва аз тиреза вориди хона шуданд. 

Дар кутоҳтарин муҳлат дарро боз карданд. Кӯдакро, ки ба ёрии тиббӣ ниёз надошт, ба модараш супурданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад, ки эҳтиёткор бошанд ва ҳангоми аз хона берун шудан, аввал калидро бо худ гиранд. 

Бахусус, тифлаконро беназорату танҳо нагузоранд!