Аз рӯзи 18 ноябр ҳаво сардтар мешавад, барфу боронҳои пуршиддат низ дар назаранд. Чанд тавсия ба ронандагон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 18 ноябр то 21 ноябри соли 2020 ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон меборад ва он ба барфи тар бадал мешавад, дар баъзе минтақаҳои  доманакӯҳ ва кӯҳҳо барфи шадид меборад. Шамол дар як сония 17-22 метр мевазад. Дамои ҳаво рӯзона дар водиҳо то 6 ° С сард хоҳад буд.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки бинобар вазиши сахти бод ва бориши барфи тар хароб шудани хатҳои барқ, эҳтимоли афтидани дарахтон, вайрон шудан ва ба замин задани пояҳои сустниҳоди рекломҳо вуҷуд дорад.

Дар робита бо пешгӯии бад шудани вазъи обу ҳаво, Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ низ қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд.

Ба ронандагоне, ки дар чунин рӯзҳо қасди сафар доранд, маслиҳат медиҳем:

- мошини худро тафтиш кунед, ки нуқсе надошта бошад;

- батареяи акумляторро иваз  кунед; 

- чархҳои тобистониро бо зимистона табдил кунед, мошинҳои боркаши калонро бо занҷирҳои зидди яхбандӣ таъмин намоед, вақте мехоҳед ба сафар бароед, худро омодаи ҳар гуна офатҳо дар роҳҳоӣ куҳӣ кунед;

- дар бордони мошинатон сарулибоси гарм, фонус, бели хурд, трос, бушкаи эҳтиётии  пур аз сӯзишворӣ, гӯгирд, термоси пур аз об ё чойи гарм гузоред;

- дорухонаи мошинатонро нав кунед;

- бо суръате мошин ронед, ки бехатариро дар ҷойҳои сермошину серодам, назди мактабҳо, хамгаштҳо, пулҳо ва нишебиҳо таъмин созад;

 - ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ назар аз ҳолатҳои маъмулӣ масофаро бештар риоя кунед, хеле дур аз мошинҳои дигар ҳаракат кунед, то дар ҳоли зарурат тавонед мошини худро бехтар нигоҳ доред, бахусус дар роҳҳои лағжонак мушкилоти ҳаракат бештар аст;

- агар шумо натавонистед мошинатонро ба зимистон омода созед ва ё ин гуна имкон надоред, пас хуб мешуд аз сафарҳо худдорӣ варзед;

- тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди  маҳдуд намудани ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ ҳангоми мавҷудияти эҳтимолияти лағзиши трама, сангрезиш иҷро намоед;

- ҳаракатро шабонгаҳон маҳдуд кунед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар остонаи вуруди сардиҳо, бахусус ҳангоми дарёфти хабари барфу борон дар куҳҳо ҳаракати безарурати худро маҳдуд кунанд, аз гузаронидани корҳои саҳро ва рафтан ба шикор дар манотиқи куҳӣ худдорӣ намоянд! 

барчасп: