Дар Хоруғ бо донишҷӯн дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши зарар суҳбат карданд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба омодасозии сокинон ба пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ва рафтори дуруст дар ҳоли рух додани офатҳои табиӣ идома медиҳанд.

Ин бор кормандони Раёсат барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев дарсҳои омӯзишӣ ташкил намуданд. 

Кормандони идораи наҷоти кишвар ба онҳо дар бораи зарурати риояи қоидаҳои бехатарӣ нақл карданд, ҳамчунин бобати амал ҳангоми ҳодисаҳои фавқулодаи гуногун суҳбат намуданд.

Аз ҷумла ба онҳо дар бораи риояи қатъии ҳама тавсияҳои тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироят ба коронавирус КОВИД-19 маслиҳатҳои муфид доданд. Роҳҳои сирояти ин бемориро гуфтанд ва чораҳои пешгирӣ аз мубталоӣ ба онро ёдрас карданд. 

Гуфтанист, ки дар оянда роҳандозии ин гуна дарсҳо бо донишҷӯён, мактаббачагон ва боғчаҳои кӯдаконаву дигар муассисаҳои таълимии  вилоят дар назар аст.