Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ноҳияи Аштро як минтақаи осебпазир ба офатҳои табиӣ номид

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашти вилояти Суғд  бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид  ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Муҳаммадҷон Салимзода, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, муовинони раиси ноҳия,  азоёни Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулодда, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия иштирок доштанд.

Нахуст Ҷамшед Маҳмудзода муовини Раиси ноҳия оид ба  иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2020 дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020-2021, маъруза намуда, оид ба имконият ва захира маводи зарурӣ барои зимистонгузаронӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Сипас майор Диловар Ҳамдамов - сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт оид ба омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулодда ба мавсими баҳори соли 2021 маъруза намуда, зикр дошт, ки рӯзи 16 марти соли 2020 ҷаласаи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Ашт оид ба ҳолатҳои фавқулодда бо роҳбарии Раиси комиисияи ҳолатҳои фавқулодда-Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ баргузор гардида буд. Дар кори ҷаласа масъалаҳои пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба вусъат додани корҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулодда, сари вақт хабардор намудани ҳайати роҳбарикунанда ва огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳои таҳдидкунанда, ташкил ва истифодабарии дурусти манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда дастуру супоришҳои мушаххас гузошта шуда буд.

- Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар мавзеъҳои эҳтимолии рух додани селу обхезиҳо ва сойҳои селгузар бо истифода аз техникаҳои муҳандисии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгардии ноҳия ва дастгирии сокинони Ҷамоати деҳоти Понғоз дар деҳаи Саро 700 метр ва деҳаи Бободархон 300 метр селроҳа аз қуму шағал тоза карда шуд. Инчунин дар деҳаи Бободархон 100 метр корҳои соҳилмустаҳкакунӣ бо истифода аз семент ва арматура аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ анҷом дода шудааст.

- Дар Ҷамоати деҳоти Ориён бо дастгирии сокинони деҳаҳои Янгиобод, Лаби дарё ва Гулистон дар мавзеҳои осебпазири иншооти зидди сел (дамба) дар масофаи 400 метр селроҳа корҳои пешгирикунанда гузаронида шуд. Дар Ҷамоати деҳоти Ашт бо дастгирии сокинони ҷамоат 700 метр селроҳа аз қуму шағал тоза карда шуд.

Дар Ҷамоати деҳоти Пунук, деҳаҳои Даҳана ва Пунук бо дастгирии сокинони ҷамоат 750 метр селроҳа аз қуму шағал тоза карда шудааст. Дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон деҳаҳои Кулихоҷа ва Муломир бо истифода аз 150 литр сӯзишвории дизелии аз ҳисоби захираи моддии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷудогардида ва техникаҳои муҳандисии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгардии ноҳия инчунин бо дастгирии сокинони деҳаҳои мазкур 500 метр корҳои пешгирикунанда гузаронида шуд.

Полковник Муҳаммадҷон Салимзода - муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахуст доир ба ташкил ва гузаронидани ҷаласаи корӣ изҳори сипос намуда, зикр намуд, ки аз 68 шаҳру навоҳӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, ноҳияи Ашт яке аз ноҳияҳое ба шумор меравад, ки ҳар сол ҳолатҳои фавқуллода рух медиҳад. Ин дар навбати аввал осебпазир ҳисобида мешавад. Барои ҳамин  аз рӯйи имкониятҳои мавҷуда, ҳар сол тибқи фармоиши Комиссияи давлатӣ масолеҳи сохтмонии зарурӣ ҷудо карда мешаванд. Раиси ноҳия низ дар бобати пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ин масъала зери назорати қатъӣ қарор дода шудааст.  Инчунин дар мавсими сармо сохторҳои дахлдор, масъулин алалхусус шӯъбаи маориф, корхона ва ташкилотҳо бояд ҳамаҷониба омодагӣ дида,  барои таъмини бехатарии сокинон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо зимни суханронии худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  барои таваҷҷуҳашон дар корҳои  пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда изҳори сипос намуд ва ҳамзамон ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт  супоришҳои мушаххас дод.

Шахзодабону Нуриддинзода