Оғози як давраи омӯзишии дигар барои кормандони тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, инчунин бо мақсади беҳтар намудани таълим ва бозомӯзии кормандони тиб ва равоншиносон, дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита давраи омӯзишии дуҳафтаина оғоз ёфт. Дар ин дарсҳо 16 корманди тиббии гурӯҳҳои наҷотбахш аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок мекунанд.

Дар расми ифтитоҳи давраи омӯзишӣ намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шарикон барои дастгирӣ дар таълим ва бозомӯзии кормандони Кумита изҳори миннатдорӣ карданд.

Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ иштирокчиён ба машқҳои амалӣ, аз ҷумла ёриҳои аввали тиббӣ, алгоритми умумии ёрии аввалия, бехатарӣ дар расонидани ёрии аввалия, захмҳо ва хунравӣ, қатъ кардани хунравӣ, бастани банди фишор,муайян кардани аломатҳои ҳаёт дар зарардида, сардиҳо ва сӯхтанҳо, заҳролудшавӣ, ҳаракат ва интиқоли фавтидагон ҷалб ва ин ҳамаро тамрин мекунанд. 

Ин давраи омӯзишӣ аз ҷониби табибони бахши тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гузаронида мешавад. 

барчасп: