Фавти пиразани танҳо дар манзили зисташ. Чанд рӯз аст, ки ҳамсоягон ӯро намедиданд

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бегоҳии рӯзи гузашта, 19 январ навбатдори ШВКД-и ноҳияи Сино-2 капитан Сафаров Ориф ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки чанд рӯз аст пиразани рус Кузнетсова Любаро ҳамсоягон намебинанд. Мавсуф дар кӯчаи Б. Ғафурови пойтахт танҳо зиндагӣ мекунад.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 17:33 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, дари хонаи истиқоматии шаҳрванд Кузнетсова Любаро боз карданд ва ҳамроҳ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дохили хона шуданд

Маълум гардид, ки пиразани 76-сола дар манзили худ фавтидааст. Ҳамсоягонаш гуфтаанд, ки пиразан муддатҳост бемор буду танҳо.

Ҷасади ӯро  ба мақомоти дахлдор барои гӯручӯб супурданд.