Охирин хабарҳо аз КОВИД-19: Мутахассисон Роспотребнадзор барои шинос шудан ба вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд

Шаҳодатномаи ягона дар Иттиҳодияи Аврупо аввали моҳи июн омода мешавад. Дар ин шаҳодатнома маълумоти зарурӣ дар бораи шахс, аз ҷумла оё дорандаи он гирифтори коронавирус шуда буд, оё муолиҷа кард ва оё вай тест супурд ё на, навишта хоҳад шуд.

Пулиси Нидерландия дар Гаага ширкаткунандагони тазоҳурот зидди маҳдудиятҳои коронаиро бо истифода аз обпош пароканда кард. Ҳудуди ду ҳазор нафар аз тазоҳуркунандагон рӯзи якшанбе дар як парк ҷамъ омаданд ва бар зидди сиёсатҳои давлат ва маҳдудиятҳои эълоншуда барои муқобила бо ҳамагирии короно тазоҳурот карданд.  Онҳо талаб мекарданд, ки карантин лағв шавад.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 10 083 сироятшудаи нав ба   COVID-19 сабт шуд.   

Қазоқистон аз сирояти боз 1049 нафар ба коронавирус хабар дод. Рӯзе қабл ин нишондиҳанда 1002 нафар буд.

 Ӯзбекистон озмоиши антиген ба коронавирус дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан, ҳамчунин постгоҳҳои марзиро лағв мекунад.

Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта 32 ҳодисаи нави сироят ба SARS-CoV-2 сабт шуд.

Мутахассисон Роспотребнадзор барои шинос шудан ба вазъи  эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд, хабар додааст Вазорати тандурустии кишвар.