Исозода Сулаймон Умар

Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 марти соли 1970 дар шаҳри Бохтар вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1993 Институти политехникии Туркменистон бо ихтисоси “муҳандис, химик-технолог” ва соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро бо ихтисоси «андоз ва андозбандӣ» хатм кардааст. 

Аз соли 1988 то 1989 хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС. Аз соли 1993 то 2000 дар вазифаҳои гуногун дар идораи “Тоҷикнафтрасон”-и вилояти Хатлон, аз соли 2000 то 2008 дар мақомоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, аз соли 2008 то 2012 дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2012 дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон адои хизмат намудааст.

Аз соли 2015 то 10 марти соли 2021 дар вазифаи сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон хизмат намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2020 бо медали “Ҷасорат” сарфароз гардонида шудааст.

10 марти соли 2021 ба вазифаи муовини Раиси Кумита таъин шудааст.