Президенте, ки ба ҷиддияти коронавирус шак меовард, аз олам даргузашт. Танзания дар мотами 14-рӯза нишаст

Президенти Танзания, ки ҳамеша ба ҷиддияти коронавирус шак меовард, аз олам даргузашт.   ВВС истинодан ба ноиби президенти ин кишвар Самия Ҳасан гуфтааст, ки Ҷон Могуфули рӯзи чоршанбе дар синни 61-солагӣ тарки олам кард. Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки муддати як ҳафтаи охир президенти Танзания дар маҳзари ом намудор намешуд. Мухолифони давлат ҳамеша ба мубталоии ӯ ба коронавирус ишораҳо доштанд. Аммо ин иддио расман тайид нашуда буд. Могофули бори охир рӯзи 27-уми феврал миёни мардум дида шуда буд.

Сарвазири ин кишвар ҳамеша мегуфт, ки президент саломат аст ва саргарми кор.

Рӯзи душанбеи гузашта пулиси ин кишвар хабар дод, ки чор нафарро ба иттиҳоми паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ дар мавриди бемории сарвари давлат боздошт кардааст. 

Ноиби президенти Танзания гуфтааст, ки кишвар 14 рӯз дар мотами президент хоҳад нишаст. 

Могофулӣ яке аз президентони шинохта дар қораи Африқо буд, аммо вай ба ҷиддияти коронавирус ҳамеша шаку шубҳа мекард. Ва мегуфт, ки ин беморӣ бо дуо ва истеъмоли гиёҳони табиӣ муолиҷа мешавад.

Агар ҷузъиёти бештаре дар мавриди корона будани сабаби марги президенти Танзания исбот шавад, пас ӯ аввалин сарвари давлат хоҳад буд, ки аз КОВИД-19 даргузашт.