Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ фестивали ҳунарҳои мардумӣ баргузор карданд

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба баргузории фестивалҳо, намоишгоҳҳо, идҳо ва озмунҳои анъанавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофитаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар  шаҳри Хоруғ фестивал - намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ кормандони Раёсат гулдӯзӣ, санъати кулолӣ ва хӯрокҳои миллиро, ки худи онҳо омода кардаанд, ба намоиш гузоштанд. Кормандони Раёсат ҳамчунин бо рақсу тарона, либосҳои рангоранг ва хӯрокҳои болаззати миллӣ хотири меҳмононро шод карданд.