Саду панҷоҳу панҷ ҳодисаи фавқулодаи қаламрави вилояти Суғд дар семоҳаи аввали сол. Ҳалокати 27 нафар дар ин се моҳ

Дар Раёсати вилояти Кумитаи  ҳолатҳои  фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсат инчунин шўъба ва бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо давоми семоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид.

Дар семоҳаи аввали соли 2021 дар вилоят 155 ҳодисаҳои фавқулодда хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 27 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. Аз ин ҳодисаҳо ба  иқтисодиёти вилоят 710 ҳазору 961 сомонӣ зарар расидааст. Дар қиёс ба ин дар ҳамин давраи соли гузашта дар миқёси вилоят 120 ҳодисаҳои хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шуда буданд, ки бар асари онҳо 28 нафар ҷони худро аз даст дода, маблағи зарари расонида шуда ба 816 ҳазору 996 сомонӣ ҳисоб шуда буд.

Дар давоми семоҳаи аввали соли 2021 дар ҳудуди вилоят 1 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуда, ки дар натиҷа 3 нафар шаҳрвандони вилоят ба ҳалокат расиданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳодисаи табиӣ дар қаламрави вилоят ба қайд гирифта нашуда буд.

Инчунин оид ба фаъолияти Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилоят ва Дастаи махсуси зудамали наҷоти водии Зарафшон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, ки дар 13 амалиётҳои имдод, кофтукобӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда иштирок намуданд, сухан рафт. Аз ҷумла дар ин се моҳ  7 дари бастаи хонаҳои истиқоматии шаҳрвандонро боз кардаанд, дар бартараф намудани паёмадҳои 4 садамаи нақлиёт, 1 ҳодисаи лағзиши тарма ва дар 1 амалиёти дигари наҷот иштирок намудаанд.

Дар поёни ҷаласа Сардори Раёсат се моҳи фаъолиятро ҷамъбаст намуда, вазифаҳои моҳҳои ояндаро мушаххас намуд.

Гуфта шуд, ки семоҳаи оянда бояд корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ дар мавзӯъҳои мухаталифи амнияти шаҳрвандон тақвият дода шавад; вобаста ба фарорасии мавсими боронҳои баҳорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, хадамоти дахлдори мудофиаи гражданӣ, ташкилоту идораҳо ташкил ва гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъонаи умумихалқӣ, тоза кардани селроҳаҳо, соҳилҳои дарё, сойҳо ва дигар корҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулодда ба роҳ мондан ва назорати рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳо;

- иншоотҳои муҳофизатии мудофиаи гражданӣ марҳила ба марҳила таъмир карда шаванд;

- баланд бардоштани сифати малакаву маҳорати касбии наҷотдиҳандагон, пурзўр намудани машқу тамринҳо, такмили машғулиятҳои омодагии ҷимонӣ омода намудани наҷотдиҳандагони болаёқат:

- омодагӣ ба мавсими оббозӣ, зери назорати қатъӣ қарор додани омодагии обутобгоҳҳо, шиногоҳҳо, лагерҳо ва мавзеҳои истироҳатии шаҳрвандон ба мавсими оббозӣ, роҳандозии корҳои таблиғотӣ, насби лавҳаҳои огоҳкунанда дар мавзеъҳои мазкур, ташкил ва ба роҳ мондани вохўриҳои мухталиф вобаста ба мавсими оббозӣ ва ғайра аз ҷум лаи корҳое мебошанд, ки кормандони Раёсат бояд анҷом диҳанд. 

Шаҳзода Бутаева