Баҳси Ворух дар мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Академияи миллии илмҳои кишвар. Ворух анклав набуду нест

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсӣ бо мутахассисони Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои кишвар, муаррихон, номзадҳои илмҳои таърих Абдулло Ғафуров ва Бобомулло Бобомуллоев мулоқот карданд. Суҳбат дар  мавзӯи "Ворух - мероси ориёиҳо ва як қисми қаламрави таърихии Тоҷикистон" буд.

Дар мулоқот олимон дар бораи таърихи ташаккули Ворух аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо далелҳои муътамади илмӣ суханронӣ карданд. Онҳо дар хулоса иброз доштанд, ки Ворух ягон замоне анклав набуд ва минбаъд ҳам нахоҳад шуд. 

Онҳо ҳатто бо мисолҳо аз китобҳои муътабари таъриху кишваршиносӣ ба ин нукта таъкид карданд, ки дар гузашта Ворух як вилояти бузурге буд, ки дар он тоҷикон мезистанд ва бисёре аз маҳалҳои атроф, аз ҷумла Сух, Ҳушёрӣ ва манотиқи дигар тобеъи он буданд.   

Бобомулло Бобомуллоев аз ҷумла таъкид кард, ки “аз назари забонӣ “Ворух” яке аз қадимитарин истилоҳоти суғдӣ буд, сокинони ин минтақа ҳанӯз ҳам  аз қадимитарин калимоти тоҷикии даврони Сомониён - аввалин давлатдории тоҷикон истифода мекунанд”.

Дар поёни мулоқот миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон дар мавзӯи гӯмагӯҳо атрофи Ворух табодули афкор ва як баҳси созандаву пурмуҳтавои илмӣ сурат гирифт.

барчасп: