ҶАСАДИ ДУХТАРИ 16-СОЛА ДАР КӮҲ. ХУДКУШӢ Ё КУШТОР? МАҚОМОТ ТАҲҚИҚ МЕКУНАНД

Дирӯз, 12-уми апрели соли 2021 дар кӯҳҳои деҳаи Зартеғи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҷасади ҷинсаш зан дида шуд ва сокинон фавран ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Баъди дарёфти хабар гурӯҳи зудамали Раёсати КҲФ дар Хатлон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд. Маълум гардид, ки он ҷасади як духтари 16-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ будааст.

Имдодгарон ҷасадро аз баландии 1500 метр бо як роҳи дурударози пиёдарав, ки бештар аз 5 километр буд, поин оварданд ва ба намояндагони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Левакант супурданд.

Сабаби марги духтари 16-сола маълум нест. Дар бораи ин ҳодиса ва шахсияти марҳум низ маълумоти зиёд дастрас нашуд.

Мақомоти тафтишотӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.  

барчасп: