Дарси мудофиаи гражданӣ дар як гимназия воқеъ дар шаҳри Хуҷанд

Дар Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар он 2530 нафар хонандагон 81 нафар омӯзгорон, директорону муаллимони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ва намояндагони шӯъбаи маорифи шаҳр иштирок намуданд.

Чорабинӣ дар саҳни муассиса бо ироаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

Сипас дарсҳои кушод дар синфҳои 2, 3, 4, 5 ва 6 дар мавзӯъҳои “Усулҳои муҳофизати хонандагон аз оқибати садама”, “Аз сӯхтор эҳтиёт шавед”, намудҳои ҳолатҳои фавқулодда ва маълумот нисбати ҳолатҳои фавқулодда, Бехатарии сӯхтор, Офатҳои табиӣ, Ёрии аввалини тиббӣ дар аснои офатҳои табиӣ, Рӯзи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсад ва вазифаҳои он гузаронида шуданд.

Баъдан бонги хатар садо дод ва хонандагон бо риояи қоидаҳои бехатарӣ ба ҷойҳои бехавфи саҳни муассиса баромаданд.

Гурӯҳҳои наҷот вазифаҳои дар наздашон гузошташударо дар хабардорсозӣ, гузаронидани корҳои иктишофӣ, расонидани ёрии аввалини то тиббӣ ба зарардидагон, хомӯш намудани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ба вуқӯъ омада дар муассиса бо пуррагӣ ба анҷом расониданд.

Дар рафти тамринот хадамоти мудофиаи граждании шаҳр, аз ҷумла хадамоти оташфишонӣ, тиббӣ, тартиботи ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила вазифаҳои дар наздашон гузошта шударо сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намуданд.

Хусусан имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд осебдидагонро аз бинои иловагӣ, ки аз 4 ошёна иборат аст, бо истифода аз таҷҳизотҳои наҷотдиҳии муосир ва бо усулҳои махсуси наҷотбахшӣ ба ҷои бехавф интиқол доданд.

 Дар баробари гузаронидани амалиёти имдод инчунин таҷҳизоту лавозимотҳои наҷотдиҳии Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи сардори Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд капитан Абдуҳамидов Абдумалик ба хонандагон шинос карда шуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни фаъол бо Сипосномаи Сипоснома, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ш.Бутаева