Як куштаи дигари COVID-19 дар Тоҷикистон. Шабонарӯзи гузашта 38 гирифтори нав сабт шуда, 21 нафар шифо ёфтаанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шумори сироятшудагон ба коронавирус дар кишварро аз аввали ҳамагирӣ 13 834 нафар эълон карда, гуфтааст, ки аз ин беморӣ то кунун 103 нафар ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта боз 38 ҳодисаи нави сироят ва як марг бар асари ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин манбаъ гуфтааст, ки шабонарӯзи гузашта 21 нафар пас аз муолиҷаи пурра ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Дар хабаре, ки сомонаи ин вазорат интишор  додааст, омада:  Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 11 июл  дар кишвар 13834 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13535 нафар (97,8%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 103 нафар фавтидаанд.

Дар ҳамин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.