Олмон дар гирдоби сел: Ҳалокати 19 нафар. Шумори кушташудагон меафзояд (ВИДЕО)

Дар Олмони Ғарбӣ бар асари сели азим 19 нафар ба ҳалокат расиданд, аммо мақомот мегӯянд ин омор дар ҳоли афзоиш аст. Бино ба маълуомти ахир то кунун 70 нафар бенишон ғайб задаанд.

Бино ба гуфтаи  сарварони иёлот ин гуна боронҳои пуршиддатро зарфи чанд соли охир касе аз сокинон ёд надоранд. Деҳаҳо аз об пур шудаанд, мошинҳо дар роҳҳо миёни об шино мекунанд, кас гумон меуунад, ки ин на роҳ, балки як рӯди хурӯшонест. Одамон дармондаанд ва намедонанд худро чӣ гуна аз ин гирдоб халос кунанд. 

То кунун аз неруи барқ маҳрум шудани қариб 150 000 хона хабар дода шудааст, вале ин ҳам омори дақиқ нест.

 Пулис хати иртиботи мустақим бо сокинон боз кардааст ва аз гумшудагону вазъи сел дар манотиқи мухталиф хабарҳо дарёфт мекунад.

Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот идома доранд.

Дар пайи борони шадиди бесобиқа, ки ҳамчунон идома дорад, рӯдхонаҳои минтақа туғён кардаанд.

Дар Белгия, ки як ҳамсояи Олмон аст, зарфи чанд рӯзи охир боронҳои шадид сабабгори омадаи селҳои азим шудаанд. Танҳо аз як шаҳри Шофонтен қариб 1800 нафарро ба ҷойи амн интиқол додаанд. 

барчасп: