Сели харобкор дар ноҳияҳои Панҷекат, Айнӣ, Масчо ва Деваштич. Ҳалокати одамон ва чорвои калону хурд. ШАРҲИ РАСМӢ

Шабонарӯзи гузашта боронҳои шадид дар баъзе аз минтақаҳои кишвар сабаби омадани селҳои харобкор ва талафоти ҷонӣ шуд. Аз ҷумла  19-уми июли соли равон бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави вилояти Суғд сел омад ва дар баъзе ҳолатҳои ин сел зараровару пурқурбонӣ буд. 

Тахминан соати 15:30 як сели азим дар деҳаи Дашти Қозии ҷамоаи Ёрии ноҳияи Панҷекати вилояти Суғд омад. Тибқи маълумоти пешакӣ аз лойобаву регу шағале, ки ин сел овард, 15 хонаи истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон, 3 километр роҳи байни деҳаҳо зарар диданд. Аз нопадид шудани 35 сар чорвои калон ва хурд низ хабар дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол бегоҳӣ, тақрибан соати 17:30 дақиқа сокинони  маҳаллӣ ҷасади ду занро аз зери лойобаҳо берун оварданд.  

Дар чарогоҳи тобистонаи деҳаи Киштӯдак, ки дар баландии наздик ба 30 км аз ҷамоаи деҳоти Дашти Қозӣ ҷойгир аст, 10 нафаре, ки саргарми чорвочаронӣ буданд, зери сел монда, ба ҳалокат расиданд. Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ба ҷойи ҳодиса имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшон сафарбар шудаанд. 

Баъди гузаронидани як силсила корҳорои наҷот ҷасади 8 нафар сокинони деҳаи Киштудак аз зери лойобаву регу шағал берун оврада шуданд. Ҷустуҷӯи дигарон идома дорад. 

Рӯзи 19-уми июли соли равон, соати тақрибан 17:30 дақиқа бар асари боронҳои шадид дар ҷамоати деҳоти Урметан, деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ се  омад ва 4 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ду пули мошингузари байни деҳаҳо хароб шуданд. Ҳамчунин  1 км хати барқ канда шуд, 15 адад симчуб осеб дид. Хати интиқоли оби нӯшокӣ, каналу ҷӯйборҳо, қубурҳои обгузар, як адад пули одамгузар заминҳои кишоварзӣ, заминҳои назди ҳавлигӣ зарар диданд.

Ба 1 мағоза, 8 хонаи истиқоматии шаҳрвандон лоиқа даромада  зарар расонид. Инчунин 4 адад автомашинаҳои сабукрав, чорвои калону хурдро сел бурдааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Худи ҳамин рӯз  тақрибан соати 17:40 дақиқа, бар асари бориши боронҳои пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик деҳҳаҳои Пастиғав, Ҳадишаҳр, Тит, Роғиф, Ревемутк сел омад, ки дар натиҷа роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, 20 га заминҳои корам, заминҳои назди ҳавлигӣ, 8 иншооти ёрирасон, 2 пул, 5 хонаи истиқоматӣ қисман, 3 хонаҳои истиқоматӣ пурра аз лойқаву сангу шағал пур шудааст. 

Инчунин аз талафи 6 сар чорвои калон ва 20 сар чорвои хурд хабар дода мешавад. Гуфта мешавад, ки ин сели азим як мошини тамғаи “Мусо”-ро бо чор мусофираш бурдааст. Маълум шудааст. ки ронанда ва мусофирони мошин бо ҷароҳатҳои гуногун зинда мондаанд ва ҳамаи онҳо ҳоло дар бемористон бистарианд.   

 Бино ба гузориши дигар аз сел дар деҳаҳои Росровут ва Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич 15 хонаи истиқоматӣ, роҳҳои байни деҳаҳо, қитъаҳои наздиҳавлигӣ қисман зарар расондааст.

Талафоти ҷонӣ нест.  

Барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар ҳамаи минтақаҳои зарардида аз сел Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъоляит мекунад ва мизони зарари расидаро муайян мекунад. Техникаи махсус ҷудо шуда, барои рафъи оқибатҳои сел талошҳо идома доранд.

барчасп: