COVID-19: Беш аз 192 миллион сироятшуда дар олам. 51 гирифтори нав ва ду марг дар Тоҷикистон. Ҳунарманди маъруф Майрам Исоева низ шифо ёфт

Бегоҳии 20 июли соли равон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 192 миллиону 124 ҳазору 501 нафар эълон кард. Бино ба хабари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дирӯз дар кишвар рақами рекордии сирояти якшабонарӯзӣ ба қайд гирифта шуд. Дар хабари расмии ин вазорат гуфта мешавад, ки 20 июли соли равон  дар кишвар 51 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 43 нафар  пас аз муолиҷа аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд. Инчунин, аз бемории мазкур 2 нафар фавтидааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 20  июл  дар кишвар 14 228 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13801 нафар (97,0%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 114 нафар фавтидаанд.

Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳо аз шифо ёфтани ҳунарманди маҳбуб ва яке аз ситораҳои ҳунари теар ва кинои тоҷик Майрам Исоева хабар доданд. Дар расме, ки расонаҳо нашр карданд, дида мешавад, ки Майрам Исоева миёни табибон нишаставу омодаи рафтан аз беморхона аст. 

Кишварҳое, ки бештар сиряоятшудлагон доранд:

ИМА — 35 064 040
Ҳинд — 31 215 142
Бразилия — 19 391 845
Русия — 6 006 536
Фаронса — 5 890 062

Дар Ҳинд беш аз 400 миллион нафар ваксин гирифтаанд, вале гуфта мешавад, ки ин барои як кишваре, ки 1,4 миллиард аҳолӣ дорад, кам аст. Назар ба ин омор то кунун танҳо 6,6 дарсади аҳолӣ эм шудаанд.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарони амрикоӣ ва ҳиндӣ гуфтаанд, ки маргумир аз коронавирус дар Ҳинд метавонад қариб 5 миллион бошад ва ин бештар аз омори расмӣ аст, ки эълон мешавад. 

Дар Олмон  60% аҳолӣ ҳаддиақал як дозаи воксинро дарёфт кардаанд.

Британияи Кабир дар Аврупои Ғарбӣ дар сироят ва маргумир аз коронвирус пешсаф аст. Дар шаҳри Лондон дар як минтақаи соҳилии назди як бемористони бузург “девори рамзии ёдбуд” боз кардаву дар он даҳҳо ҳазор сурати дили кучак ба поси хотири куштагони Ковид кашидаанд.

Аз 16 – уми июли соли равон шумори ҳалокшудагон аз COVID-19 дар Шветсия чор баробар афзуд.

Финляндия ба мавҷи чоруми сироят ба коронавирус рӯ ба рӯ шудааст. Рӯзи сешанбе дар ин кишвар 461 нафарро чун мубталои нав ба коронавирус сабт карданд, ки ин болотарин сатҳ аз моҳи апрел ба инҷониб буд. 

Австралия шояд ягона кишваре бошад, ки муқобили коронавирус муборизаи ҷиддӣ мебарад. Дар ин кишвар барои даҳҳо сироятшудаи нав локдауни шадид ҷорӣ мекунанд, на ки мисли кишварҳои дигар баъди ошкор шудани ҳазорон мубтало. Аз ҷумла рӯзе пеш иёлоти Австралияи Ҷануби маҳдудиятҳои нави зиддикоронаӣ ҷорӣ кард. Дар ин минтақа ҳамагӣ панҷ ҳодисаи сироят ба ин уфунӣ ба қайд гирифта шуда буд.  

Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар Русия аз шаш миллион нафар боло рафтааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз 23 770 нафар ба ин вирус сироят шудаанд.  

Қазоқистон аз сирояти 499 111 ва Қирғизистон аз 151 607 нафар ба Covid-19 хабар доданд.  

Шабонраӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 658 ҳодисаи нави гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Дар шаҳри Тошканд 121, Қароқалпоқистон 79, вилояти Ҷиззах 67 ҳодисаи нави сироят ба вируси корона сабт шудааст.