Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 20-уми августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд. Селроҳаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳоро сари вақт аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то оби зиёдатӣ роҳи баромад дошта бошта бошад.

Хуб мешуд агар аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва чорвочаронӣ худдорӣ кунанд. 

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои селхез ҷиддан қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоянд, бахусус ҳангоми ҳаракат риояи фосила байни мошинҳо шарти муҳими бехатарист.

барчасп: