Марги собиқ вазири энергетикаи Русия аз COVID-19

Собиқ вазири энергетикаи Русия Сергей Шматко бар асари сироят ба коронавирус аз олам даргузашт. Шматко замони марг 55 сол дошт ва бино ба гузориши  «Газета.Ru» марги ӯ ба сабаби КОВИД-19 сурат гирифтааст.

Солҳои охир Шматко президенти ширкати «Артпол ҳолдинг» будааст. Манбаъ истинодан ба роҳбарияти ин ширкати навиштааст, ки 7-уми ноябри соли равон Сергей Шматко бо ташхиси COVID-19 дар бемористони 52-и шаҳри Москав бистарӣ шуд.

Шматко муддати чор сол вазири энергетикаи Русия будааст, баъдан сабукдӯш шудаву Александр Новак ба ҷойи ӯ таъин шудааст.