Заминларза ба қайд гирифта шуд

1  декабри сол 2021 соати 08:46 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза  120 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 44 километр шарқ аз ноҳияи Рашт,  дар ҳудуди минтақаи  Рашт  буда, қувваи заминларза дар марказаш 4  балл ва дар водии Рашт  3 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминларза ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд  гирифта нашудааст.

барчасп: