Оғози давраҳои нави омӯзишӣ барои афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Мураббиёни Академияи мудофиаи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ҳамтоёни тоҷики худро дарси маҳорат меомӯзанд. Алҳол дарсҳои омӯзишӣ барои афсарони Дастгоҳи марказии Кумита ва воҳидҳои сохтории он шуруъ шуданд ва қарор аст то 27-уми май идома  кунанд.
Бо мақсади татбиқи Муоҳадаи сеҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Федератсияи Русия ва Созмони байналмилалии  мудофиаи гражданӣ оид ба расонидани кӯмакҳои методӣ, ҳамчунин барои баланд бардоштани малака ва дониши кормандони КҲФ рӯзи 22-уми майи соли 2017 дар Маркази таълимӣ-методии Кумита давраҳои омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати афсарон оғоз шуданд.
Қарор аст ин дарсҳо муддати як ҳафта, то 27-уми май идома кунанд.  Мураббиёни давраҳои омӯзишӣ аз Академияи мудофиаи граждании ВҲФ Русия мебошанд.
Ин давраҳои омӯзишӣ ба самти омодагии “Низоми ташкил ва роҳбарии системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда” мегузарад.
Дар аввалин рӯзи ифтитоҳи дарсҳои омӯзишӣ сардори Раёсати оперативии КҲФ, полковник Х.Гадоев бо изҳори ташаккур аз омӯзгорон қайд кард, ки ҳамроҳ бо мавзуъҳои омӯзишӣ ба Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда таваҷҷуҳи бештар сурат хоҳад гирифт.
Дар ин давраҳои омӯзишӣ афсарони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита ширкат мекунанд.