Фаъолияти яксолаи кори Комисияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Турсунзода ҷамъбаст шуд

Дар шаҳри Турсунзода натиҷаи кори Комиссияи шаҳрии ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2021 ҷамъбаст гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Чунончӣ, бо иштироки раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллода-раиси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А., ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид, ки дар он натиҷаи кори муштараки тамоми хадамот оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли гузашта ҷамъбаст гардида, ҳадафҳо барои соли 2022 муайян карда шуданд.

Ғайр аз ин, ҷамъбасти натиҷаҳои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагии саривақтии бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ба чорабиниҳои мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022», гузориши раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда оид ба корҳои анҷомдодашуда дар соли 2021, рафти иҷрои “Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2030” шунида шуданд.

Дар ҷаласа намояндагони Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ва воҳидҳои ҳудудии Низоми ягонаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти мудофиаи гражданӣ, роҳбарони иншооти хоҷагӣ, раисони ҷамоату маҳаллаҳо иштирок доштанд.

Инчунин, дар ҷаласаҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ, омодасозии хизматрасонӣ ба зимистон ва мавҷудияти воситаҳои техникӣ масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Дар поёни ҷаласа карорхои дахлдор кабул ва муҳлати иҷрои онҳо муайян карда шуданд. 

барчасп: