Тӯфон дар Маскав 11 нафарро ҳалок ва беш аз 150 нафарро бистарӣ кард

Тӯфони шадид дар шаҳри Маскав-пойтахти давлати Русия, ки бо бориши борон ва раъду барқ ҳамроҳ буд, 11 нафарро кушт. Бино ба иттилоои расмӣ аз ин тӯфон бештар аз 150 нафари дигар зарар диданд. Мақмот аз садҳо дарахтони решаканшудаву шикаста, мошинҳои харобшуда хабар медиҳанд. Тӯфон ҳаракати нақлиётро дар роҳҳо ба мушкил рӯ ба рӯ кард. То и муддати 150 нафар ба бемористон интиқол ёфтанд ва аз сабаби захмҳои вазнин 108 нафари онҳо бистарӣ шудаанд, ки 22 нафарашон кӯдакон мебошанд. 

Ин тӯфони шадид рӯзи душанбе шуруъ шуд, ҳамон лаҳзаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе боди афғонӣ бо ҳама неру мевазид ва чангу ғуборро ба ҳаво мебардошт.  

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар Twitterи худ ба хешовандони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Андрей Мишенко – муовини сарвари ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Маскав хабар додааст, ки ниҳод ҳангоми тӯфон бештар аз 4,5 ҳазор дархости кӯмак дарёфт кардааст.  

Тӯфони шадид ҳамчунин ба қароргоҳи Сарвазири Русия Дмитрий Медведев дарахтонро баркандаву вуруд ба онро мушкил кардааст. Дар ноҳияи Истрински назди Маскав пирамидаи Александр Голод, ки як мавзеъи ҷолиби тамошо дар минтақа маҳсуб мешудааст, зарар дидааст. Ин иншоот замоне барои кашфи таъсири пирамидаҳо ба муҳити атроф бунёд шуда будааст. 

Тӯфон ҳамчунин ба як ибодатгоҳи насрониҳо зарар расондааст, салиби гунбази марказии онро баркандааст. Дар ҳамин минтақа 24 ҳазор сокинон бе неруи барқ ва об мондаанд. 

Бар асари тӯфон фурудгоҳҳои Маскав 30 парвозро таъхир кардаву парвози 13 ҳавопайморо манъ кардаанд.  

Мушаххасоти лағву таъхири  парвозҳо дар калонтарин фурудгоҳҳои шаҳри Маскав дастрас нашудааст.

барчасп: