26 сироятшуда дар шабонарӯз. Вазорати тандурустӣ омори нави мубталоён ба коронавирусро нашр кард

Рӯзи 23 январи соли 2022  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сирояти 26 нафар ба  COVID-19 хабар дод. Дра хабари дафтари матбуотии ин ниҳод о мадааст, ки  дар маҷмӯъ аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17180 нафар гирифторони COVID-19  ба қайд гирифта шудааст. Тибқи ҳамин омор то санаи зикргардида 16971 нафар (98,9%)  шифо ёфтаанд. Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Вазорат дар хабар овардааст, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пўшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.