Activities calendar

18 январи 2022

Заминларза дар Бодғиси Афғонистон сабаби марги 22 нафар шудааст

Хабаргузории давлатии Бохтари Афғонистон аз ҳалокати 22 ва захмӣ шудани 4 нафар дар заминларзаи ахир дар Бодғис хабар дод. Ин хабаргузори рӯзи душанбе гузориш дод, ки шумори қурбониёни зилзила, ки қаблан 12 нафар гуфта мешуд, ҳоло ба 22 нафар расидааст.

Бино ба хабари бахши форсии ВВС давлати Толибон ва

Кумаки ғизо аз ҷониби IRS ва Мақомот давлатии ноҳияи Айнӣ ба ронандагону мусофирон

Рӯзи гузашта, 17 январи соли 2022 роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба сабаби резиши барфи шадид ва лағзиши тарма пурра баста буд. Бахусус вазъ дар километрҳои 80, 100 дар қаламрави ноҳияи Айнӣ хеле ташвишовар буд. Ҳудуди 150 мошини калони боркаш ва бештар аз 160 мошини хурд дар нимароҳ монда буданд.

Ин мошинҳо на пеш метавонистанд раванд ва пас.

Тармаи соли 2022. Роҳҳои пурхатар. Ҳушдорҳои пайваста. Барфу борон ҳамоно ба шиддат меборад

Зимстони имсол ҳам чун солиёни пеш барои минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва роҳҳои мошингузари кӯҳӣ вазнин омад. То ба имрӯз даҳҳо ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд ва шумори он ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Рӯзи 16-уми январи соли равон билохира тарма бузургтарин шоҳроҳи кишвар роҳи Душанбе-Хуҷандро муваққатан баст. Садҳо мошин аз ду ҷониб аз сафар бозмонданд.