COVID-19: Шабонарӯзи гузашта дар Эрон аз ин беморӣ 147 нафар ҷон бохтанд

Бино ба гузориши вазорати беҳдошти Эрон шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 147 нафар мубталоёни бемории коронавирус аз олам гузаштанд. Ин вазорат дар умум шумори ҷонбохтагон аз КОВИД-19-ро аз аввали ҳамагирӣ 133 ҳазору 718  нафар эълон кардааст.

Тибқи ҳамин омор 25 ҳазору 812 гирифтори нав ба коронавирус сабт шудааст ва 2 ҳазору 543 нафар аз онҳо дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд. Вазорати беҳдошт гуфтааст, ки 3 ҳазору 384 нафар аз мубталоён ҳоли чандон хуб надоранд.

Тибқи оморҳои расмӣ зарфи як ҳафтаи охир дар Эрон 825 нафар бар асари КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд.

Аҳмад Таботабоӣ-узви Кумитаи илмии ситоди миллии муқобила бо коронавирус гуфтааст, ки ағлаби  бистариҳо ва маргумирҳо марбут ба касоне аст, ки ё воксин назадаанд ва ё бемориҳои хос ба монанди фишори хун, диабет ва нақзи эминӣ доранд..

Мақомҳои давлатӣ  мегӯянд истиқболи шаҳрвандон аз тазриқи дозаи  савум воксани корона кам буда ва мақомот ҳоло аз мардум хостаанд худро дар баробари корона ва бемориҳои ҳамагир ваксина зананд.  

Манбаъ: ВВС