Тармаи моҳи феврал дар ҷаҳон ва Тоҷикистон

Тарма аз ҷумлаи офатҳои харобкор аст, ки дар аксар мавридҳои боиси харобиҳои зиёд ва ҳалокати одамон мешавад. Ҳамасола дар саросари олам бар асари лағзиши тарма садҳо нафар ба ҳалокат мерасанд, дуҳу шаҳрҳо хароб мешаванд, ба инсонҳо ва давлатҳоим миллионҳо доллар зарар мерасонад. Дар зер аз чанд хабар аз олам ва Тоҷикистон иқтибос меорем, ки солҳои гуногун дар моҳи феврал иттифоқ уфтодааст.

Соли  1999

23 – уми феврали соли 1999 дар шаҳраки басо озодаи назди кӯҳҳои Алп тарма лағжид ва он барои ҳама таърихи башар як рӯйдоди фоҷеабортарин боқӣ мемонад. Зарфи чанд дақииқ бештар аз 100 ҳазор тонна барф бо садои пуртаҳшат аз боло сарозер шуд ва болои нуқтаи аҳолинишин фурӯ рехт. Бо ҳамон суръати басо баланд 5 биноро ба хок яксон кард, ба 26 бинои дигар зарар расонд, зарфи 3 дақиқа 31 нафарро кушт. Ин фоҷеа диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ кашид.

Таҳлилгарон гуфта буданд, ки чанд рӯз пеш аз лағзиши тарма дар минтақа барф зиёд борид ва ҳар шабонарӯз он аз сатҳи замин то 30 см баланд мешуд. Баъдан боди сарду сахт бо суръати 120 км дар як соат вазид. Сабаби ҷамъшавии барфи зиёд дамои то 20 дараҷа сардии ҳаво буд.

ТАРМА ЧИСТ? ЧӢ БОЯД КАРД АЗ ХАТАРИ ОН ЭМИН МОНЕМ?

Соли 1910

Дар истгоҳи хурдакаки роҳи оҳани Веллингтон, ки миёни ду галареяи ҳифозат аз барф сохта шуда буд, ҷангале низ вуҷуд дошт. Охири моҳи феврали соли 1910 ба сабаби барфи шадид муддати 9 рӯз ҳаракати қатор дар ин самт боздошта шуд. 28-уми феврал барфро шамоли гарму борон иваз кард. 1-уми март аз кӯҳ тарма фаромад ва қаторҳоро саросар пӯшид. Қатори мусофирбар ва хаткашон ба умқи як ҷарӣ партов шуд. Кормандони ин истгоҳи роҳи оҳан аз худ ҷасорату қаҳрамонӣ нишон доданд ва ба таври муъҷизаосо 22 нафарро аз зери ғарами барф наҷот доданд. Мусофирони дигар, ки шуморашон аз 100 беш буд, ба ҳалокат расиданд. 

Худи ҳамон сол шимолтари ҳамин минтақа дар қаламрави Канада 62 нафар коргарони ағбаи Роджер дар Колумбияи Британия ҳалок шуданд. 

ДУ КУШТАВУ ЯК ЗАХМӢ ВА ЯК ГУМШУДА БАР АСАРИ ТАРМА ДАР РОҲҲОИ КИШВАР

Дар замони мо роҳҳои оҳане, ки аз дили кӯҳу сахраҳо мегузаранд, борҳо ҳадафи тарма қарор гирифтаву хисорату қурбониҳо овардаанд. Мисоли он  Твин-Лейкс дар иёлоти  Колорадо дар таърихи 21 – уми январи соли 1962, Гранд-Дюк-Майн дар Колумбияи Британия дар таърихи 18 – уми феврали соли 1965, шаҳраки Террас дар ҳамон Колумбияи Британия дар 22 – уми январи соли 1974 ва ғайра мебошад. 

 Рӯзи 6-уми феврали соли 2019 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон аз 680 ҳолати фавқулода сабтшуда дар соли 2018 хабар дод, ки 17,4% онро тарма ташкил медод. Дар 8 ҳодисаи лағзиши тарма дар соли 2018 9 нафар ба ҳалокат расиданд.

****   ***    ****

Субҳи барвақти рӯзи 13-уми апрели соли 2020 дар киломатри 60-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб барфи шадид борид ва ба дунболи он тарма аз баландӣ сарозер шуд, ки роҳ ва ҷараёни рӯдхонаро баст. Барои бартараф намудани оқибатҳои ин тармарезӣ кормандони ширкати  «Инновейтив Роуд Солюшнз» ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва техникаи зарурӣ сафарбар гардид.

Бо талоши якҷоя роҳ аз тӯдаву ғарами барф тоза карда шуд ва мошинҳо дубора дар ин самт ба ҳаракат даромаданд. Барои таъмини бехатарӣ наҷотдиҳандагони КҲФ дар километри 62-уми роҳи Душанбе – Айнӣ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд.  

****   ***    ****

 4 феврали соли 2021 ҷонишини раиси ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат ба шуъбаи КҲФ дар ин шаҳр муроҷиат кард ва гуфт, ки ду сокини рустои Ғускефи ҷамоат рӯзи 3 феврал ба самти кӯҳҳои Ромит шикор рафтанд ва то кунун барнагаштаанд. Аз онҳо хабаре ҳам нест. Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Онҳо ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ рӯзи 4 феврал, соати 10:10 дақиқа ду ҷасадро аз зери тарма берун оварданд. Маълум гардид, ки онҳо ҳамон сокинони бедаракшудаи деҳаи Ғускеф будаву яке 48 ва дуюмӣ 32 сол доштанд. Ҷасадҳоро ба хешовандонашон супурданд. 

Моҳи феврали соли 2021 дар роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва дар қаламрави деҳаи Риҷисти ҷамоати Қурбоншоҳ Гадоеви ноҳияи Роштқалъа резиши санг ба қайд гирифта шуд. Сангрезиши Роштқалъа як хонаи истиқоматиро қисман вайрон кард. Ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.

барчасп: