Саду ёздаҳ сол пеш. Зилзилаи шадид сабаби пайдоиши кӯли Сарез шуда буд. Гузашта ва имрӯзи он

18 феврали соли 1911 дар Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон заминларзаи сахте ба вучуд омад, ки қувваи он ба 9-10 балл баробар буд. Дар натиҷаи ин заминларза қисми ҷанубии кӯҳҳои Музкол канда шуда, лағжида ба зер фаромад ва пеши роҳи дарёи Мурғобро баст.

Ҳаҷми хоку санги лағжида ба 2,2 млрд. метри мукааб баробар буд ва дар натиҷаи ин қишлоқи Усой бо тамоми аҳолиаш ҷамъ 51 нафар ба ҳалокат расиданд.
Дар як муддати хеле кўтоҳ бо қувваи бузурги табиат як сарбанде пайдо гашт, ки баландиаш аз 550 то 730 м ва дарозиаш зиёда аз 5 км-ро ташкил медод. Дар давоми 3 сол, яъне аз соли 1911 то соли 1914 тамоми оби дарёи Мурғоб бинобар баста шудани маҷро дар паси ин сарбанди навбунёди табиӣ, ки номаш аз номи деҳаи зери сангу хок нестшудаи Усой буд, ҷамъ мешуд. Дар ин муддат сатҳи  об ҳар сол 79 м баланд мешуд ва дар натиҷаи зери об мондани қишлоқи Сарез сокинони ин маҳалҳо маҷбур шуданд, ки макони зисти худро тарк намуда, ба ҷойҳои дигар кўч банданд.

         

Параметерҳои кўли Сарез:

- сатҳи оби кўл 3263 м;
- дарозиаш 60 км;
- бараш 3,3 км;
- бари миёнааш 1,44 км;
- чуқуриаш 500 м;
- чуқурии миёнааш 202 м;
- ҳаҷми об 17 км.м3;
- ихроҷи оби дарёи Мурғоб 41-50м3;
 

Бо мақсади сари вақт хабардор намудани аҳолӣ дар натиҷаи рахнашавии кули Сарез, Раёсати масъалаҳои кўли Сарез назди Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шуд. Раёсати масъалаҳои кули Сарез барои хабардоркунии фаврии мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ба он ҳамсарҳад, ҷиҳати рахнашавии кули Сарез таъсис ёфта, сохтори мустақили таркибии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шумор меравад.
Соли 1991 дар майдончаи Усой, ки дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр, 36 километр поёнтар  аз сарбанди Усой, дар наздикии қишлоқи Савноби ноҳияи Рушони ВМКБ, системаи хабардоркуни ҷо ба ҷо карда шуда буд.

Баъдан, дар соли 2004 бо ташабуси ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ, Ҳукумати Швейтсария (SECO), ИМА (ЮСАИД), Хазинаи Оғо Хон (Фокус) ва Ҳукумати Ҷопон,  дар чаҳорчубаи Лоиҳи коҳиши хавфи рахнашавии кўли Сарез, дар Сарбанди Усой  системаи мониторинг ва хабардоркунии қабли ҳозиразамон насб карда шуда, дар ҳамаи деҳаҳои водии Бартанг, маркази ноҳияи Рӯшон, шаҳри Ҳоруғ ва шаҳри Душанбе се намуд таҷҳизоти хабардоркуни КВ, УКВ ва назораткунандаҳои моҳворавӣ ҷо ба ҷо карда шуда буд. Инчунин дар маркази ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) ва Ҳамадонӣ ва маркази ҷамоҳатҳои ноҳияҳои номбурда низ як намуди алоқаи радиовии мухобираҳои КВ насб карда шудааст.

Ҳамаи маълумотҳои воридшудаи мониторинги дар маркази ҷаъоварии маълумотҳои СКАДА-и Сарез коркард карда шуда ба воситаи алоқаи моҳваравӣ ва радиовӣ (КВ) ба СКАДА-и Душанбе ирсол мегардад.

Дар ҳолати ба рўх додани ҳолатҳои фавқулодда, таҷҳизотҳои номбурда дар давоми дақиқаҳои муайян, яку якбора аҳолии минтақаи хавфнокро ба воситаи се намуди алоқа хабардор менамояд.

Дар деҳаҳои водии Бартанг, бо сабаби ниҳоят наздик ҷойгиршави ба сарбанди Усой, кучонидани аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ғайриимкон мебошад, ҷазираҳои бехавф муаян карда шуда, дар ҷойҳои бехатар анборҳои захираи аввалияи ниёзи мардум ташкил карда шудааст. Инчунин барои омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар ҷамоҳатҳои водии Бартанг дар ҳамкорӣ бо Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар Тоҷикистон, семинарҳои таблиғотӣ гузаронида шуда, ҳамасола машқҳо низ роҳандозӣ мешаванд.

Баъди заминларзаи моҳи декабри соли 2015, аҳолии қишлоқҳои водии Бартанг, то расидани кумак аз марказ, дар давоми як ҳафта аз анбоҳои захиравӣ истифода бурда буданд ва ин имкон дод, ки онҳо дар фасли сармо ба мушкилии сахт гирифтор нашудаанд.

Таҳлили маълумотҳои воридгардида дар мавриди вазъи минтақаи кўли Сарез нишон медиҳад, ки сатҳи оби кўл ба 3258,07 м баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021,  2м 77см балантар  мебошад.

Ихроҷи об аз бадани сарбанд  айни замон 45,0м³/сон, ки нисбати  ҳамин давраи соли  2021,   3,5м³/сон, зиёд  мебошад.

Ҳарорати ҳавои имсола нишон медиҳад, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, дамои ҳаво 5,13 дараҷа  хунуктар мебошад.

Дар соли 2021 дар доираи лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд ("Лоиҳаи миллии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ")  системаи мониторинг ва хабардоркунии қаблӣ ва зиёд  кардани ҳудуди фарогири он қад-қади дарёи Панҷ-Амударё то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон 30 сирена назораткунандаҳои иловагӣ насб карда,  ва ба истифода дода шуда буд.

 

Лоиқ Холиқназаров, корманди КҲФ, майор.

барчасп: