Маликаи Британия Елизаветаи II ба коронавирус гирифтор шуд. Ӯро чӣ гуна муолиҷа мекунанд?

Маликаи салтанатии Британияи Кабир гирифтори КОВД-19 шудааст, аммо наздиконаш мегӯянд дар ӯ нишонаҳои сабуки коронавирус дида шудааст ва  малика ба кораш идома медиҳад. Дар изҳороти кохи Букингем гуфта шудааст, ки “Ӯ ёрии тиббӣ мегирад ва тибқи дастуру хостаҳои духтури муолиҷаш амал хоҳад кард”.

Елизаветаи II 95 сол дорад ва гуфта мешавад, ки ахиран вай бо писарбузургаш шоҳзода Чарлз, ки ҳафтаи гузашта ба коронавирус сироят шуда буд, иртибот доштааст ва эҳтимол меравад вирус аз ӯ ба малика сироят кардааст. 

9 январи соли 2021 хабар дода мешуд, ки малика Елизаветаи II аввалин ваксинаи зидди коронавирусро қабул кард ва тибқи гузоришҳои дигар ӯ пурра ва ҳамаи дозаҳои зарурии ваксинаро гирифтааст.

Малика Елизаветта дар таърихи Британия дарозумртарин подшоҳ аст, ки инак 70 сол аст дар ҳамин тахт нишастааст.

Малика бо номи Хю Томас  духтури хусусӣ дорад, ки мушовири бемористони Марями Муқаддас дар Лондон ва профессори генетикаи узвҳои ҳозимаи коллеҷи салтанатии Лондон мебошад. Бино ба гузориши хабарнигори ВВС маликаро аввал бо доруе табобат мекнанд, ки чанде пеш дар Британияи Кабир барои муолиҷаи коронавирус тавсия дода шудааст. Онро бемор бояд муддати аз се то панҷ рӯзи аввали  гирифторӣ истеъмол кунад. Бино ба гуфтаи мутахассисон ин дору хатарро барои шахсони осебпазир коҳиш медиҳад. Аммо ин манбаъ боз таъкид ҳам кардааст, ки ҳоло ягон далели қотеъ вуҷуд надорад, ки ба малика маҳз ҳамин дору тавсия мешавад ё роҳи дигари муолиҷаро истифода мекунанд.   

Хонаводи салтанатии Британия аз сироят ба коронавирус дур набудааст. Тавре хабар дода мешавад, моҳи марти соли 2020 аз сирояти шоҳзода Чарлз ва моҳи апрели ҳамон сол аз мубтало шудани шоҳзода Уилям хабар дода шуда буд.

10-уми феврали соли ҷорӣ шоҳзода Чарлз дубора ва 14-уми феврал ҳамсараш Камилла низ гирифтори ин вирус шуданд.

Дар гузашта аз ваксангирии малика Елизаветта ва чанд узви хонавода ӯ, аз ҷумла шоҳзода Чарлз бо ҳамсараш ва шоҳзода Уилям иттило дода шуда буд.