Дасти инсон дар нобудии табиати зинда. Аз қадим то ба имрӯз

Қаҳрамонони афсонаи Люис Кэрролл (нависандаи инглис, файласуф, риёзидон) «Алиса дар сарзамини Аҷоибот”  Шляпочник ва Харгӯш Мартовский ба таври ҳамешагӣ саргарми чойнӯшӣ буданд. Вақте зарфашон ифлос мешуд, онро намешустанд, бармехостанд ва ба ҷойи дигар менишастанд.

Агар шумо то ба охир расед, баъд чӣ мешавад,- ҷуръат карда пурсид Алиса. 

Оё вақти он нарасидааст, ки мо мавзӯъро дигар кунем?-пешниҳод кард Харгӯш Мартовский.

Ин муколамаро дар яке аз китобҳои худ асосгузори кибернетика, олими амрикоӣ Норберт Винер дар мавриди истифодаи табиат аз ҷониби одам, маҳдудияти захираҳои он  иқтибос меорад. 

Инсон ба тағйири муҳити атроф даҳҳо ҳазор сол пеш сар карда буд. Тибқи назарияи баъзе олимон яке аз намудҳои ҳайвонот, ки ба дасти одам нобуд карда шуд, мамонт (пистондори азимҷусса аз оилаи филҳо) буд.   Ин ғулпайкард ғайр аз инсон дигар ҳеч душмани ҷиддӣ надошт ва билохира аз дасти ҳамин инсон нобуд шуд. Донишмандон бар ин назаранд, ки дар қаламрави Аврупо замоне наздик ба ним миллион мамонт зиндагӣ кардааст. Агар доманаи шикори ин ҳайвонро ба назар гирем, пас метавон тахмин кард, ки барои нобуд кардани ин ҳайвони азимҷусса ба одам як-ду ҳазор сол лозим шуд. Аммо баъзе олимон дар ин маврид назари дигар доранд. Онҳо мегӯянд мамонтро на инсон, балки тағйирёбии иқлим нобуд кард. 

Нобуд кардани баъзе намудҳои ҳайвонот, масалан гавазни ғулпайкар, каркадани пашмӣ замоне сурат гирифт, ки инсон ҳоло заминкоркуниро намедонист ва дар табиат қадамҳои аввалинашро мегузошт. Рӯйхати ҳайвоноте, ки инсон дар тӯли таърихи пайдоишаш нобуд кардааст, пайваста меафзуд ва имрӯз ҳам ин рӯйхат дар ҳоли афзоиш аст. Яъне, инсон дар ҳама давру замон барои нобуд кардани ҳайвон даст ба кор будааст.  Зарфи се садсола аз рӯйи Замин 36 намуд ширхӯрон ва 94 намуди парандагон ба таври ҳамешагӣ нобуд шудаанд. (Теъдоди намудҳои бемуҳраҳо ва рустаниҳои нобудшуда дақиқ маълум нест, вале ба ҳазорон мерасад).

Дар миёни навъҳои ҳайвоноти гумшуда дронт, гурги халтадор, гови баҳрии Стеллер, гӯрхари африқоии квагга (аспи ёбоии африқоӣ, ки пусти рах-рах дорад), наргови ваҳшии чанбаршох, гагаркаи бебол, кабутари ваҳшӣ  ҳастанд. Дар боғи вуҳуши Ню-Йорк ҳатто қабристони рамзие барои ҳайвоноти аз дасти инсоннобудшуда сохта шуда буд. Дар ин қабристон 200 санги ёдгорӣ бо номи ҳайвоноти мурдарафта зарфи 400 соли ахир гузошта шуд. Тибқи ҳисобукитоби боғи ботаникии Подшоҳии Британиёи Кабир соли 2050 аз рӯйи замин боз наздик ба 20 ҳазор намуди рустаниҳо гум мешаванд. 

Нависандаи табиатшиноси инглис Ҷералд Даррелл мушоҳида кард: “Дар мавриди ҳайвоноти азимҷусса ҳоло боз ёд меоранд: онҳо барои ҷаҳонгардӣ ва ё тиҷорат муҳиманд. Аммо дар гӯшаву канори гуногуни олам ширхӯрҳои бисёр хурд, парандагон, хазандагони ҷолиби таваҷҷуҳе ҳастанд, ки қариб ҳифозат карда намешаванд, чун аз онҳо на гӯшт ва на пашм гирифта мешавад. Ва ба ҷаҳонгардону сайёҳон низ онҳо лозим нестанд, ба онҳо шерҳову карданҳо ҷолибанд. Бисёре аз намудҳои хурдҷусса намояндагони ҷонварони ҷазираҳоянд ва минтақаи зиндагониашон низ хурд аст. Таҷовузи хурдтарин ба ин минтақаи зист онҳоро ба таври абад аз миён мебарад. Кофист, ки ба ин ҷазираҳо чандин кӯрмуш ва ё хук бурда шавад ва баъди як сол аз зоти онҳо чизе боқӣ намемонад”.

Вақте инсон аз шикорчӣ ва ҷамъоваранда ба заминдор табдил шуд, дараҷаи таъсири вай ба табиат ба маротиб афзуд. Вай басо фаъолонаву бераҳмона ба буридану оташ задани ҷангалзорон шуруъ кард, заминҳоро барои кишт шудгор намуд, дарахтонро барои сохтмони хонаҳо истифода бурд. 

Садсолаҳо касби вижае буд – ҷустуҷӯи ҷангал барои сохтмон. Дар замони Пётри 1 дар Русия ба касоне, ки ин гуна ҷангалзоронро кашф мекард, ба миқдори 2 рубл (арзиши 3 гов) ҷоиза дода мешуд. Дар сар то сари Аврупо дарахтони баланқаду пурқувват гирифтори зарби табари ҳезумкашону дарахтбуррон монда буданд. Барои сохтмони “Армадаи мағлубнопазир”-и Испаниё 500 ҳазор дарахти булути куҳансол бурида шуд. Ҷолиб он аст, ки дар Русияи аҳди Пётри 1 ҳамзамон бо дарахтбурии сартосарӣ ба ҳадафи рушди флоти баҳрӣ қонунҳои сахте барои худсарона буридани дарахтон амал мекарданд. Дарахтбурони ғайриқонунӣ қамчинкорӣ мешуданд, аз сӯрохии биниашон мекашиданд, барои ҳар булут 15 рубл ҷарима мекарданд. Муосирон нақл мекарданд, ки Пётри 1 баногаҳ сохти ғайрисарфаҷӯёнаи печ дар яке аз коргоҳҳои пивопазиро дид ва фармон дод, ки онро навсозӣ кунад. “Ту танҳо онро мебинӣ, ки дар пеши биниат ҳаст,-гуфт ӯ ба соҳибаш,- мебинӣ, ки дар Питербург ҷангал зиёд аст ва ҳезум арзон, аммо намеандешӣ, ки бар асари сарфаҷӯӣ накардан бузургтарин ҷангалзорро метавон дар кутоҳмуддат нобуд сохт”. 

Зарфи сад соли охир майдони ҷангалзор дар Замин ду баробар кам шудааст. Ҳар дақиқа дар рӯйи Замин наздик ба 20 гектар ҷангал бурида мешавад. Ҳар сол баробар ба қаламрави Британияи Кабир майдони бешазорони тропикӣ нобуд карда мешаванд. 

Дар Шветсия дар садсолаи охир майдони бешазорон ду баробар афзудааст. Ва дар ин ҳеч чизи шигифтовар нест: ҳар сокини ин мамлакат соле наздик ба 50 дарахт мешинонад. Дарахтшинонии сартосарӣ дар Англия имкон дод, ки зарфи даҳ сол – аз соли 1970 то 1980 майдони бешазорон ду баробар афзоиш ёбад. 

Бо рушди саноат дар замони муосир таъсири инсон ба табиат  фарогир шуд. Дар филмҳои хабарии рӯз, ки солҳои 30-50 асри ХХ наворбардорӣ шудаанд, бисёр вақтҳо метавон ҳолати хуруҷи дуд аз лулаҳоро метавон дид, ки он замон рамзи тамаддун ҳисобида мешуд. 

Ҳамзамон бо ин ҳанӯз соли 1309 ҳиндуе бо номи Пулча Кито, сокини Теночтитлан ба он хотир маҳкум шуда буд, ки дар маркази шаҳр ангишти чӯб сӯзонда буд. “Ба касе иҷозат дода нашудааст, ки ҳавои шаҳрро бо дуд заҳролуд кунад”,- гуфтанд додрасон ва ин марди ҳиндуро ба сахттарин ҷазо-ҳукми қатл маҳкум намуданд. Сокинони Мехико, ки дар ҷойи Теночтитлани қадима бунёд шудааст, метавонанд ба содалавҳӣ (ва ё дурандеши)-и додрасҳои атстекҳо (ҳиндуёни Мексика) лабханд зананд. Ҳавои Мехикои имрӯза ба ҳадди ниҳоӣ саршор аз ҳамаи навъҳои партобҳои зараовар аст. 

Ба ҳисоби ҳар сокини Замин ба фазои сайёра ҳар сол 30 тонна оксиди сулфур, 200 кило пайватагиҳои сурб, 50 тонна чанг партоб мешавад.

Як литр нафт қудрати онро дорад, ки миллион тонна обро заҳролуд созад. Танҳо киштиҳои нафткаш ҳар сол ба уқёнуси олам 1,5 миллион тонна нефт партоб мекунанд. Ин танҳо ҳафтумин ҳиссаи партоби нафт ба уқёнус аст. Обсабзҳои баҳрӣ барои сокинони Замин аз се ду ҳиссаи оксигене, ки барои нафаскашӣ қобили истифода аст, мерасонанд. Нафт дар болои оби баҳру  уқёнусҳо ҳар тараф шино карда, онро бо пардаи рангоранг мепӯшонад ва раванди дохил шудани оксигенро вайрон мекунад. Нафт нерумандтарин, вале на ягона сарчашмаи ифлосшавии уқёнусҳо мебошад. 

Дар қатори резишҳои гуногун ва заҳрогин партобҳои  пластикӣ, ки ба Уқёнуси олам мерезад, низ аз ҷумлаи ифлоскунандаи об маҳсуб меёбанд. Аз ин партоби шинокунанда наҳангони мӯйлабдоре, ки бошандагони хурдҷуссаи баҳру дарёҳоро шикор мекунанд, миқдори зиёдеро фурӯ мебаранд. Яке аз сабабҳои маргумири сангпуштони баҳрӣ, ки медузаҳоро шикор мекунанд, ҳамин бастаҳои пластикист. Онҳо ба гумони он ки ин бастаҳо ҳамон  мавҷудоти шикориашон мебошанд, онҳо фурӯ мебаранд ва дар натиҷа нобуд мешаванд.

Дар бисёр ҳолатҳо таъсири инсон ба табиат якбора мушоҳида намешавад. Маълум аст, ки сочмаи қурғошимӣ, ки ба сӯйи мурғобӣ андохта шуда ва ба нишон расидааст, ба табиат баъзе зарарҳо меоварад. Вале сочмаи ба ҳадаф нарасида ва ба атроф пошхӯрда ба табиати атроф зараҳои бештар меорад, вале мутаасифона ин на ба ҳама маълум аст.  Парандаҳое, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи сангрезаҳо барои тоза кардани меъдаашон аз ғизо мебошанд, аз истеъмоли сочмапораҳо метавонанд ба ҳалокат расанд. Маълум шудааст, ки дар ИМА ҳар сол бар асари заҳролуд шудан аз сочмаи қурғошимӣ чандин миллион паранда мемирад

Албатта, табиати зинда ба самти мутобиқ шудан ба таъсироти инсон ҳамеша дар ҳаракат аст. Масалан, дар аввалҳо баъди сохтани хатҳои телеграфӣ хирсҳо ба қасди пайдо кардани асал ба гумони он ки садои ноқилҳо ин виззоси занбӯри асал аст, ба симчӯбҳои телеграф мечаспиданд. Эзорсурхакҳо низ ин садоро виззоси ҳашарот мепиндоштанд ва онҳо низ ба хотири пайдо кардани луқма худро ба танаи ин симчӯбҳо мезаданд. Аммо баъдтар ҳайвонот ва парандагон ба ин садо одат карданд ва дигар эътибор намедоданд. 

Аммо дар олами зинда ҳадди муайяни “мутобиқшавӣ” вуҷуд дорад. Дар посух ба бефикрона “ мутеъ” кардани он  ҳайвонот низ ба инсон посухҳои шадид медиҳад ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳои зарбаҳои сахттар мезанад. Зеро инсон “унсури бегона” нест, балки ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамин табиат аст. Яке аз ин мисолҳо зарба ба инсон барои истифода моддаҳои заҳрогини кимиёвӣ барои ҳимояи рустаниҳост. 

Моддаҳои заҳрогини кимиёвӣ бо нобуд сохтани ҳашарот ҳосилнокии зироатҳоро афзоиш доданд. Вале ин моддаҳо ба ғизои одамон низ ворид шуданд, дар натиҷа одамон заҳролуд ва ба бемориҳо мубтало шуданд. Аммо ҳашароти зараррасон тадриҷан ба ин моддаҳои заҳрогини кимиёвӣ мутобиқ шуданд. Аллакай барои олимон бештар аз 500 намуди ҳашаротҳои зараровар маълуманд, ки ба ин оддаҳои заҳрогини кимиёвӣ худро мутобиқ кардаанд, баъзеи дигар (тахминан даҳ намуд ҳашарот) аз ҷумла зараррасони асосии картошка гамбӯсаки клорадӣ тақрибан ба ҳамаи навъҳои моддаҳои заҳрогини кимиёвӣ мутобиқ шудаанд. 

Ҳоло маълум шудааст, ки ба табиати зинда таъсир расонда, мо қабл аз ҳар чизи дигар ба худ зарар мерасонем. Ва ҳимояи табиат, навъҳои гумшаванда, мубориза бо ифлосшавии муҳити атроф ин ҳимояи худи инсон аст. 

 

Таҳияи Б.Шафеъ