МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. Чӣ бояд кард, ки ғарқ нашавем? Бахши 1

Дар фазои маҷозӣ бештари аксҳое, ки дар мавзӯъи ғарқ шудани инсон гузошта шудааст, як ё ду дасти аз об берун ва танаи соҳиби дастҳо зери об ноаён ба мушоҳида мерсад. Як манзараи ҳузнангез. Инсон дақиқае пеш ворид об шуд ва зери об фурӯ рафт. Зиндагӣ дар сонияҳои башумор ба марг табдил гашт. Ва мо ин манзараро хеле зиёд баъди хондани хабарҳо тасаввур кардаем. Ҳамасола ҳазорон нафар дар ақсои олам ғарқи об мешаванд ва бо ҷони ширин падруд мегӯянд. Вале ҳамаи онҳо қабл аз он, ки ҷон биспоранд, барои бозгашт ба ҳаёт талош мекунанд ва гувоҳи ин ҳамон манзараи дастҳои берун аз об аст, ки лаҳзаҳои охир дароз мекунанд, то дасти имдоде барояшон расад. Ҳолатҳое ин дастон ба дастони имдодгаре мерасанд ва соҳиби онро аз гирдоби марг берун мекашанд. Аммо на ҳамеша. Шумори наҷотёфтагон аз ғарқшавӣ хеле камтар аз ҷонбохтагон аст.

Пас ин ҷойи андеша дорад: Инсон, ки табиатан тафаккури созанда дорад, бояд дар ин бора низ зиёд андешад. Ҳаддиақал қабл аз он ки ба нияти оббозӣ соҳил меравад, маҷрои дарёро мебинад, умқи кӯлро месанҷад ва қувваи худро медонад, ки то куҷо метавонад шино кунад ва аз куҷо вопас баргардад.

Ин бахш дар ҳамин бора аст: ВОРИДИ ОБ ШУДАН ВА БОЗПАС БА СОҲИЛ БАРГАШТАН. Чун Шуморо интизоранд, чун Шумо ҳаётро дӯст медоред ва бояд ба соҳил баргардед, чун идомаи ҳаёти ширини Шумо дар соҳил аст, ҷойе, ки ба нияти тафреҳ либос аз тан бурун кардед!

Хоҳиш дорем бадиққат мутолиа кунед ва Шумо ҳоло дар ҳоле ҳастед, ки метавонед бияндешед!

 

ҒАРҚШАВӢ ЧИСТ?

Ба об комилан фурў рафтан, ғутидан, баста шудани роҳи нафас ба сабаби бо об пур шудани шушҳо. Замон ва тарзи даррасии марг ба омилҳои дохилӣ ва ҳолати андомгони ғарқшуда вобаста аст.

Гирифторӣ ба бемориҳои дил, сархушӣ, сахт лат хўрдан (бархўрдан ба санг ё чизҳои дигар, печидан дар рустаниҳо ва ғ.), ҷараёни тези об, гирдоб ва тўфон низ хавфи ғарқшавиро меафзоянд.

Ғарқшавӣ ҳақиқӣ,  буғмаӣ ва иғмоӣ (беҳуш шудан) мешавад. Дар мавриди ғарқшавии ҳақиқӣ роҳи нафас ва ҳубобчаҳои шуш аз об пур мегарданд. Дар натиҷа мўрагҳо кафида, об ба хун мегузарад. Ин ҳолат боис  мешавад, ки таносуби намаку об халал ёфта, эритротситҳо хароб гарданд. Пўсту луобпардаҳо кабуд шуда, аз даҳон кафки гулобиранг мебарояд, роҳи нафас, вариди гардан ва қисматҳои поини бадан варам мекунанд. Ба ин ҳолат бештар одамони рефлексҳои ҳалқумашон заиф, инчунин ашхоси маст гирифтор мешаванд.

Ҳангоми ғақшавии буғмаӣ аз сабаби роҳи нафасро бастани об ва ташаннуҷи устувори ҳалқ норасоии шадиди оксиген рўй медиҳад. Аз даҳони одами ғарқшуда кафк берун меояд.

Сабаби ғарқшавии иғмоӣ ногаҳон аз кор мондани дил, сахт хунук хўрдан ё дар об шах шудан аст. Ранги пўст парида, он сафедтоб мегардад. Ғарқшавӣ дар оби шўр нисбат ба оби ширин некфарҷомтар аст...

  Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии тандурустӣ дар ҷаҳон ҳар сол беш аз 70000 нафар, хосса ҷавонону кўдакон, ғарқ мешаванд. 

  Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 56-57.

 

Чӣ бояд кард ҳам оббозӣ кунем ва ҳам ғарқ нашавем? Қоидаҳои бехатарӣ дар мавсими оббозӣ

Ҳар гоҳе фасли гармо фаро мерасад ва мавсими оббозӣ меояд, маъмулан соҳили баҳру дарёҳо, обанборҳо, кӯлҳо ва каналҳо пур аз истироҳаткунандагон мешавад. Дар ин мавсими басо гарм ҳамагӣ макони тафреҳу истироҳатеро меҷӯянд, ки ҳам аз гармо дурӣ ҷӯянд ва ҳам оббозӣ кунанд.  Аммо донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад аз оқибатҳои ногувори ҳаводиси нохӯш ҷилавгирӣ намояд.

Чуноне муқаррар шудааст, оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз он ҳатман бояд аз назорати духтур гузашт. Чуноне қоидаҳо муқаррар менамоянд, аввалин бор бояд дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳаво 20-23 дараҷа гарм  ва ҳарорати об 17-19 дараҷа гарм будан оббозӣ намудан мумкин аст. Вақти хубтар барои шино дар давоми шабонарўз соати 8-10-и саҳар ва 17-19-и бегоҳ, на барвақттар аз якуним соат пас аз истеъмоли ғизо мебошад.

·    Оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нӯшидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси марг гардад!!!

·    Пеш аз оббозӣ ҳатман бояд дам гирифт. Шиновари хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.

  • Дар ҳоли ғазаб ва асабоният набояд нияти оббозӣ кард.
  • Шумо набояд аз ҷову маконҳои нишонагузоришуда дуртар равед.
  • Ба об оҳиста дохил шавед, дар ҳолате, ки об то миён расид, истед ва зуд ғӯта занед. Агар ба қувваи худ боварӣ надошта бошед, танҳо шиноварӣ накунед.
  • Дар дарёчаҳо, кўлҳо ва наҳрҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёҳои қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан, азҳушравӣ ва фавт шуда метавонанд.
  • Ба қаиқҳо, заврақҳо ва киштиҳои бузург наздик шудан мумкин нест.
  • ·    Ҳангоми шиноварӣ бо шӯхиву бозӣ аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад.
  • ·    Аз ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда берун баромадан низ мумкин нест.
  • ·    Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда ва ҷиҳозонидашуда оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.

(Идома дорад)