Activities calendar

23 июли 2022

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳавои гарм то охири моҳ боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки то охири моҳи июли соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои гарму бебориш боқӣ мемонад. Дамои ҳаво дар ин рӯзҳо дар водиҳо ба +40+45, минтақаҳои ҷануби кишвар то ба +47 дараҷа мерасад.