Activities calendar

30 июли 2022

Се ғарқшудаи як рӯз: Як сокини Душанбе дар Суғд ғарқ шуду сокини Хатлон дар Душанбе

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи нохӯш дар махзанҳои об ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, 28-уми июли соли 2022 соати 9:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар бораи ғарқ шудани як нафар дар “Баҳри тоҷик” хабар расид.

Мулоқот бо корманди Прокуратураи ҳарбӣ

28 июли соли 2022 дар доираи баланд бардоштани омодагиҳои хидматии ҳайати шахсӣ ва бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқобила  бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” кормандони Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт, Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез, Раёсати сохтмон, истифодабарии биноҳо ва  иншооти Кумита бо Прокурори калони Шуъбаи назорат...