Activities calendar

19 июли 2022

Ҳушдор аз гармои шадид. Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои рӯзҳои гарм

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 19-23-уми июли соли 2022 дар ҷумҳурӣ ҳаво ба ҳадди рекордӣ гарм мешавад. Дамои ҳаво дар ин рӯзҳо  дар водиҳо ба 39 -44 дараҷа мерасад, дар ноҳияҳои ҷануби кишвар 45-47 ва дар навоҳии ҷудогонаи наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ ба 35 + 40 дараҷа хоҳад расид.

Хабарҳои рӯзи гузашта. Се ғарқшуда дар як рӯз

Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта нашуд.  Вале мутаассифона, боз ҳам аз чанд ҳодисаи нохӯш дар обҳо хабар дода шуд.

Ҳодисаи аввал дар вилояти Хатлон рух додааст. 17-уми июли соли 2022 сардори иншооти гидротехникии канали ПК-354...